Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон 10 миллион доллар грант ё худ кумаки било иваз тахсис додааст, ки ба хотири кумак ва дастрасии оилаҳои камбизоат ба энергия ва сармоягузории лоиҳаҳои марбут бо истифодаи оқилонаи нерӯ масраф хоҳад шуд.
Идораи Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки иҷрои ин лоиҳаро гранти ёриҳои техникии бунёди японӣ (ҷопонӣ)-и мубориза бо камбағалӣ, ки ба 750 ҳазор доллар баробар аст, дастгирӣ хоҳад кард.
Ба қавли бонки мазкур 98 дар сади аҳолии Тоҷикистон аз энергияи об истифода мебаранд.
Дар фасли тобистон Тоҷикистон бо тавлиди аз ҳад зиёди нерӯ ва дар фасли зимистон, вақте маҷрои рӯдҳои кишвар камоб мегардад, то 75 дар сади аҳолии Тоҷикистон бо камбуди нерӯи барқ мувоҷеҳ мешаванд.
Гранти бонки осиёии рушд барои дастгириву ташвиқи сохтмони хонаҳои аз нуқтаи назари харҷи нерӯи барқ каммасраф, бунёди хонаҳои экологӣ ва тавлиди масолеҳи муосири ҳифзкунандаи гармӣ масраф хоҳад шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон ва коршарикони бонк мувофиқат кардаанд, ки ба иҷрои ин лоиҳа 1,2 миллион доллар сармоягузорӣ кунанд.