Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолияти ФФТ дар нимсолаи аввал ғайриқаноатбахш дониста шуд


Ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Имрӯз, 24-уми июн, дар шаҳри Душанбе, дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Hyatt Regency» ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он натоиҷи кори ФФТ дар нимсолаи аввал баррасӣ гашт.

Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ дар ин ҷаласа кори кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ғайриқаноатбахш дониста шуд.

Дар ин ҷаласа зикр шуд, таҳлили натоиҷи кори ФФТ дар нимсолаи аввал нишон медиҳад, ки дар ташкил ва идоракунии футбол дар ҷумҳурӣ камбудиҳои ҷиддӣ ва норасоиҳои зиёд мавҷуданд. Яке аз камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти ФФТ ин тафтиш накардани иншооти варзишӣ ва вазъи зерсохтори бошгоҳҳои футболи лигаҳои олӣ ва аввал ба мавсим мебошад.

Дар натиҷаи ин норасоӣ дастаи футболи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бозиҳои давраи аввали мусобиқоти қаҳрамонии кишварро ба анҷом нарасонида, аз лигаи олӣ хориҷ шуд. Дастаи «Локомотив»-и Душанбе бошад, баъди якчанд бозӣ дар лигаи аввал ба иллати напардохтани маблағи ҳаққи ширкат аз мусобиқот хориҷ гашт.

Кумитаи иҷроия, инчунин, камбудиву норасоиҳоро дар мавриди омодагии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ба мусобиқоти расмии байналмилалӣ эътироф кард. Макон ва замони баргузории бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Афғонистон (4-уми июн) бо ФИФА (Федеросиюни байналмилалии футбол) ва АФК (Конфедеросиюни футболи Осиё) мувофиқа карда нашуда буд. Бинобар ин АФК Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба таври қатъӣ огоҳонид, ФИФА бошад, ин бозиро ба варақа-рейтинги дастаҳои мунтахаби миллӣ дохил накард.

Кумитаи иҷроия барои беҳтаршавии кор дар ФФТ ва барҳам додани камбудиҳо дар кумитаҳо ва шӯъбаҳои ФФТ супоришҳои мушаххас дод. Кумитаи иҷроия, ҳамчунин, супориш дод, ки дар ҳайати ФФТ масъалаи кадрҳо баррасӣ шавад.

Дар ин ҷаласа ба собиқ ноиби аввали президенти ФФТ Валерий Турсунов, ки бо хоҳиши худ аризаи истеъфо навиштааст, бо фармони президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ унвони “Корманди фахрии Федератсияи футболи Тоҷикистон” дода шуд. Узви кумитаи иҷроияи ФФТ, раиси бошгоҳи футболи «Регар-ТадАЗ» Шариф Назаров ба Валерий Турсунов Сипосномаи ФФТ-ро супурд.
XS
SM
MD
LG