Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду футболбози тоҷик дар Русия аз санҷиш мегузаранд


Нуриддин Давронов

Ду бозигари дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон - нимҳимоятгарон Нуриддин Давронов ва Ҷаҳонгир Ҷалилов дар бошгоҳҳои лигаи аввали Русия аз санҷиш мегузаранд.

Нуриддин Давронов дар бошгоҳи «Уфа»-и Бошқирдистон, ки ба он собиқ бозигари мунтахаби Русия Игор Коливанов раҳбарӣ мекунад, дар ду бозии санҷишӣ муқобили дастаи дивизиони дувуми Русия, минтақаи “Ғарб” - КФ «Долгопрудний» (0:1) ва бошгоҳи лигаи аввали Русия - «Торпедо»-и Маскав (4:3) ширкат дошт.

Нимҳимоятгари «Истиқлол»-и Душанбе Ҷаҳонгир Ҷалилов дар ҳайати дастаи «Нефтехимик»-и Нижнекамск, ки дар он бародарон Алишер ва Манучеҳр Ҷалиловҳо бозӣ мекунанд, дар бозии санҷишӣ бо мунтахаби донишҷӯёни Ҷопон (1:3) ҳунарнамоӣ кард. Дар айни ҳол Ҷаҳонгир ҳамроҳи «Нефтехимик» дар ҷамъомади таълимиву тамринии даста пеш аз мавсими нав дар шаҳри Минск иштирок дорад.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG