Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷеймс Комӣ раёсати FBI-ро бар дӯш мегирад


Ҷеймс Комӣ
Ҷеймс Комӣ
Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, номзадии Ҷеймс Комиро ба мақоми раиси нави FBI - Бюрои федеролии тафтишот пешбарӣ кард. Баъд аз баррасиву пазируфтани номзадияш дар Сенати ИМА Комии 52-сола раҳбари феълии ин ниҳод Роберт Мюллерро иваз мекунад.

Ҷеймс Комӣ замони раёсати Ҷорҷ Буши хурдӣ солҳои 2003-2005 муовини вазири адлияи ИМА буд. Ӯ соли 2004 баъд аз он маъруф шуд, ки бо вуҷуди фишори Кохи Сафед барои гӯш кардан ба гуфтугӯҳои телефонӣ иҷоза надод.

Қарор аст, ки раҳбари феълии FBI Роберт Мюллер тирамоҳ ба истеъфо равад. Ӯ чанде қабл аз ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 раиси Бюрои федеролии тафтишот таъин шуда буд.

XS
SM
MD
LG