Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи маргталабона ҳаёти 13 касро аз байн бурд


Полиси Покистон иттилоъ медиҳад, ки бар асари ҳамлаи маргталаб дар назди масҷиди мусулмонони шиамазҳаб ва мадрасаи канори он камаш 13 кас ҳалок шуда, даҳҳо нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Намояндаи полис Ҷовид Хон мегӯяд, ҳамла дар яке аз гӯшаҳои шаҳри Пешовар ҳангоми намози ҷумъа ба вуқӯъ пайвастааст. Ба қавли шоҳидон маргталаб ибтидо ба тарафи афсарони амниятӣ оташ кушода, ба масҷид дохил шудааст. Аснои таркиш тахминан 200 нафар дар масҷид будаанд.

Дар пайи ин ҳодиса ягон гурӯҳ масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифт. Солҳои ахир ҳамлаҳо болои ақаллияти шиамазҳаби Покистон афзоиш ёфтаанд.

Ҳафтаи гузашта гурӯҳи ифротии мусулмонони суннитабор бо номи Лашкари ҷангвӣ масъулияти ҳамла болои мусулмонони шиамазҳаб дар шаҳри ҷанубу ғарбии Кветтаро бар дӯш гирифт. Дар натиҷаи ҳамлаи мазкур 15-уми июн камаш 35 кас ҳалок шудаанд.
XS
SM
MD
LG