Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ Долче ва Габбанаро маҳкум кард


 Фурӯшгоҳи Долче ва Габбана дар Боку
Фурӯшгоҳи Долче ва Габбана дар Боку
Додгоҳи Италия тарроҳони муд Доменико Долче ва Стефано Габбанаро бо ҷурми сарпечӣ аз андозсупорӣ ба муддати бистмоҳӣ шартан аз озодӣ маҳрум кард.

Рӯзи чоршанбе додгоҳи шаҳри Милан изҳор намуд, ки Долче ва Габбана як миллиард евро фоидаашонро аз назари ниҳодҳои андоз пинҳон нигаҳ дошта, аз супурдани миллионҳо евро молиёт сарпечӣ кардаанд.

Ин ҳодиса соли 2004-ум ба вуқӯъ пайвастааст. Он замон ин тарроҳони муд тамғаашонро ба як ширкати мустақар дар Люксембург фурӯхта буданд, то аз супурдани андоз раҳо шаванд.

Долче ва Габбана ҷурмро қабул надоранд . Онҳо метавонанд аз додгоҳ бознигарии қазияро талаб намоянд, ки то чанд сол идома хоҳад кард.

Дар гузашта қазияҳои сарпечӣ аз супурадни андоз бо иштироки симоҳои шинохтаи италиявӣ дар ниҳояти амр бо мувофиқати ҷонибҳо берун аз толори додгоҳ ҳал мешуд.
XS
SM
MD
LG