Дар толори донишгоҳ конфронси байналмилалии «Проблемаҳои актуалии тарқиии илмӣ-техникӣ дар замони муосир» баргузор гардид. Ҳамчунин ба ифтихори ин сана китоби «20 соли донишгоҳ» интишор гардид.
Донишгоҳи Хоруғ 20 сол пеш бо ду факулта ва аз рӯи 8 ихтисос ба фаъолият шурӯъ кард. Феълан дар 8 факултаи он донишҷӯён аз рӯи 45 ихтисос таълим мегиранд. Имсол шӯъбаҳои нави информатика ва забони чинӣ кушода шуданд.
Аммо хатмкунандагон мегӯянд, ки бисёр ихтисосҳои зарурӣ ба мисли ҳуқуқшинос, ки талабот ба он зиёд аст, дар донишгоҳ омӯхта намешаванд.
Донишгоҳро ҳамасола бештар аз 1200 нафар хатм мекунанд ва соҳиби диплом мешаванд.
Аммо ба гуфтаи Рухшона Ватаниева, хатмкунандаи донишгоҳ, аксари мутахасисони ҷавон бинобар набуди ҷойи кор ё маоши кам муҳоҷиратро ихтиёр мекунанд. Рухшона заъфи заминаи техникӣ ва кадрии бархе аз факултаҳои донишгоҳро монеъи сифати таълим донишгоҳ мешуморад. Рухшона мегӯяд:"Мо бештар аз журналистика дарсҳои назариявӣ мегузаштем, вале дарсҳои таҷрибавӣ кам буданд. Аз ин рӯ вақте ҳозир ба идораи радио ва телевизион ба кор даромадем, дар таҳияи хабару гузоришҳо душворӣ мекашем."
Аммо ба ақидаи садри собиқи донишгоҳ ва вакили парлумон Мирганд Шаҳбозов, таъсиси донишгоҳ симои фарҳангӣ ва илмии маркази вилоятро комилан тағйир додааст ва потенсиали илмии донишгоҳ имкон медиҳад, ки мутахассисони он рақобатпазир бошанд ва дар риштаҳои гуногун бомуваффақият фаъолият дошта бошанд. Аз ҷумла дар ҳамаи 90 ташкилоти байналмилалие, ки дар ҷумҳурӣ амал мекунанд, хатмкунандагони донишгоҳ фаъолият доштаанд.
Дар ҳошияи ҷашн ректори донишгоҳ профессор Имомёрбек Қаландарбеков ба чанд суоли Озодӣ посух гуфт.
Қаландарбеков: Донишгоҳи давлатии Хоруғ 5 августи соли 1992 бо қарори девони вазирони ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт ва ин як рӯйдоди бузурги таърихӣ ва сиёсиву фарҳангӣ барои сокинони Бадахшон ба шумор меравад. Тайи ин муддат донишгоҳро зиёда аз 10 ҳазор мутахассис хатм намуданд ва айни ҳол 16 нафарашон берун аз хориҷи кишвар кору фаъолияти илмӣ мебаранд. 16 омӯзгори донишгоҳ худи имсол дар хориҷи кишвар бозомӯзӣ диданд ва ба донишгоҳ баргаштанд. Донишгоҳ бо тамоми донишгоҳҳои дохил ва хориҷи кишвар ва марказҳои илмии ватаниву хориҷии илмӣ равобити сӯдманд дорад, ки ин барои боло бурдани сатҳи таълим ва тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосир мусоидат мекунад.
Озодӣ: Аммо то чӣ андоза донишгоҳ барои таъмини бозори меҳнати вилоят ва ҷумҳурӣ нақш бозидааст?
Қаландарбеков: Донишгоҳ барои қариб тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят ва ҷумҳурӣ, ба вижа омӯзгорон барои соҳаи маориф, мутахассис тайёр кардааст. Танҳо дар соли хониши 2012-ум ва 2013-ум бо ибтикори вазири маориф 20 ихтисоси нави замонавӣ барои донишгоҳ ҷудо шуда, ҳоло донишгоҳ аз рӯи 45 ихтисос мутахассисони зинаҳои бакалавр, магистратура ва аспирантураро тайёр мекунанд.
Озодӣ: Аммо оё мушкилоти таъмини моддӣ-техникии бархе аз факултаҳоро метавон заъфи донишгоҳ номид?
Қаландарбеков: Базаи моддӣ-техникии озмоишгоҳҳои кафедраҳои илмҳои табиӣ ба он дараҷае, ки лозим аст, ба талабот ҷавобгӯ нестанд, лекин заминаи моддӣ- техникии донишгоҳ рушд мекунад ва аз техногогияи нав истифода мекунанд. Аммо ба таҳкими базаи моддӣ-техникӣ ва сохтани бинои таълимӣ дар оянда зарурат аст.