Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии мизбонон дар даври 8-уми мусобиқаи лигаи аввал


Рӯзи 16-уми июн бозиҳои даври 8-уми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни дастаҳои лигаи аввал дар минтақаи Душанбе баргузор шуданд.

Дар ҳарсе бозӣ мизбонон ғалаба карданд. Вале пешсафи ҷадвали мусобиқот – “Кӯктош+С”-и ноҳияи Рӯдакӣ аз бозии даври гузашта озод буд.

Натоиҷи бозиҳои даври 8-ум:

РТСУ (Душанбе) - “Нури Норак” (Норак) – 3 - 1
“Саройкамар” (Панҷ) - “Ҳулбук” (Восеъ) – 5 - 0
“Ҳосилот” (Фархор) - “Бохтар” (Бохтар) - 1 - 0

Дар ҷадвали мусобиқот дастаи «Кӯктош+С» бо 16 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Футболбозони ноҳияи Рӯдакӣ то ҳоло бохт надоранд.“Саройкамар”бо 13 имтиёз дар ҷойи дувум ва РТСУ бо 12 имтиёз дар ҷойи севум мебошанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ
Дастаҳо
Б
Ғ
М
Б
Тӯбҳо
И
1.
«Кӯктош+С» (Рӯдакӣ)
6
5
1
0
15 – 6
16
2.
«Саройкамар» (Панҷ)
6
4
1
1
14 – 4
13
3.
Р Т С У (Душанбе)
7
4
0
3
11 – 11
12
4.
«Нури Норак» (Норак)
7
3
3
1
8 – 7
12
5.
«Ҳулбук» (Восеъ)
6
3
0
3
10 – 12
9
6.
«Ҳосилот» (Фархор)
6
2
0
4
5 – 8
6
7.
«Бохтар» (Бохтар)
6
1
1
4
4 – 8
4
8.
«Пахтакор» (Қубодиён)
6
0
0
6
5 – 16
0

Голзанҳои беҳтарин: Ҷонибек Ғаффоров (“Саройкамар”) - 7 тӯб, Зоир Холматов («Ҳулбук») - 6 тӯб, Некрӯз Козимов («Нури Норак») - 4 тӯб.

Бозиҳои даври 9-ум

20-уми июн (панҷшанбе), соати 17:30

“Бохтар” - “Пахтакор”
“Ҳулбук” - “Ҳосилот”
“Кӯктош+С” - “Саройкамар”
XS
SM
MD
LG