Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук барои ҷоизаҳои Татяна Колпакова, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 1980 дар Маскав, шаш медал ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек баргузор шуд, ҳудуди 300 варзишгар аз 5 кишвар ширкат доштанд.

Варзишгарони тоҷик дар эстафетаи 4х100 метр бо натиҷаи 42,49 сония мақоми аввалро касб карданд. Фарҳод Қуралов дар давидан ба масофаи 800 метр бо натиҷаи 1,52:41, Ҳасан Ғаффоров дар давидан ба масофаи 10 000 метр бо натиҷаи 32,08:26 ва дастаи мардонаи Тоҷикистон дар эстафетаи 4х400 метр (3,46:89) бо медалҳи нуқра мукофотонида шуданд.

Инчунин Ҳасан Ғаффоров дар давидан ба масофаи 5000 метр бо натиҷаи 15,31:75 ва Александр Пронженко дар давидан ба масофаи 110 метр бо монеа (15,2) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гардиданд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG