Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳ, Шораҳматов, Шораҳматов...


Лаҳӯаи "автогол"
Лаҳӯаи "автогол"

Голи ба дарвозаи худаш задаи футболбози узбак шонси тими Узбакистон шонси ин кишвар барои рафтан ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014-ро камтар кардааст.

Мухлисони тим умедвор буданд, ки Узбакистон аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ нахустин тиме хоҳад шуд, ки дар марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Аммо Узбакистон рӯзи 11 июн дар меҳмонӣ аз Кореяи ҷанубӣ бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд ва пеш аз бозии охиринаш дар Тошканд дар вазъи мушкиле қарор гирифтааст. Тӯби ягонаро дар дақиқаи 42-юми ин бозӣ Акмал Шораҳматов, бозигари худи Узбакистон ба дарвозаи худашон зад, ки ин боиси маъюсии боз ҳам бештари мухлисони узбак шудааст.



Узбакистон баъди ин бозӣ дар мусобиқоти гурӯҳии қораи Осиё дар гурӯҳи А бо 11 хол дар мақоми севум аст. Кореяи ҷанубӣ бо 14 имтиёз дар мақоми аввал ва Эрон бо 13 имтиёз дар ҷои дувум аст. Рӯзи 18 июн Кореяи ҷанубӣ дар майдони худ бо Эрон ва Узбакистон бо Қатар вориди рақобат хоҳанд шуд.

Узбакистон ҳанӯз шонси ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонии соли оянда дар Бразилияро аз даст надодааст, вале мухлисони узбак мегӯянд, ки агар Акмал Шораҳматов "автогол" намезад, онҳо то 18 июн хеле роҳаттар нафас мекашиданд. Ҳоло онҳо такрору батакрор навори ин голи фалокатборро дар Ютюб тамошо мекунанду беихтиёр оҳи ҳасрат мекашанд ки: Эҳ, Шораҳматов, Шораҳматов...
XS
SM
MD
LG