Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2014 шуд


Рӯзи сешанбе, 11-уми июн бозиҳои даври 7-уми марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2014 дар қораи Осиё баргузор шуданд.

Марҳилаи ниҳоӣ бо ширкати 10 дастаи мунтахаб дар ду гурӯҳ ҷараён дорад. Натоиҷи бозиҳо чунин аст:

гурӯҳи “А” - Эрон – Лубнон – 4 – 0
Кореяи Ҷанубӣ – Узбакистон – 1 – 0

гурӯҳи “В” - Ироқ – Ҷопон – 0 – 1
Австралия – Урдун – 4 - 0


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

ГУРӮҲИ “А”

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. Кореяи Ҷанубӣ 7 4 2 1 13-6 14
2. Эрон 7 4 1 2 7-2 13
3. Узбакистон 7 3 2 2 6-5 11
4. Қатар 7 2 1 4 4-8 7
5. Лубнон 8 1 2 5 3-12 5

ГУРӮҲИ “В”

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. Ҷопон 8 5 2 1 16-5 17
2. Австралия 7 2 4 1 11-7 10
3. Умон 7 2 3 2 7-9 9
4. Урдун 7 2 1 4 6-16 7
5. Ироқ 7 1 2 4 4-7 5

Дастаи мунтахаби миллии Ҷопон, ки бозиҳояшро ба анҷом расонд ва бо 17 имтиёз дар гурӯҳи “В” ғолиб шуд, аввалин шуда ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар Бразилия роҳхат гирифт.

Барои роҳхатҳои дигар мубориза идома дорад. Бозиҳои даври охирини мусобиқаи ниҳоӣ рӯзи 18-уми июн миёни дастаҳои зерин доир хоҳад шуд:

Кореяи Ҷанубӣ - Эрон
Узбакистон – Қатар
Урдун - Умон
Австралия – Ироқ
XS
SM
MD
LG