Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райс мушовири амниятии президенти ИМА мешавад


Мансабдорони Қасри Сафед мегӯянд, мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ Том Донилон ба истеъфо меравад ва хонум Сюзан Райс сафири ИМА дар СММ ба ҷои ӯ таъйин хоҳад шуд.

Райс аз муттафиқони наздики президенти ИМА Барак Обама мебошад, вале ин пешбарӣ метавонад боиси мухолифати ҳизби ҷумҳурихоҳ шавад. Ҷумҳурихоҳон Райсро ба хотири арзёбии нодурусти ҳамла болои консулгарии ИМА дар шаҳри Бенғозӣ танқид кардаанд.

Маъмурияти ИМА ибтидо эътирозгаронро масъули ҳамлаву куштори чор амрикоӣ ва аз ҷумла сафири ИМА Либия номида буд. Вале баъд ҳамла ҳамчун амали террористӣ баррасӣ шуд.

Пешбинӣ мешавад, ки Донилон дар моҳи июл аз мансаб барканор мешавад.
XS
SM
MD
LG