Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амано аз тафтиши Порчин умеди зиёд надорад


Юкия Амано-раиси агентии байналмилалии нерӯи ҳастаӣ
Юкия Амано-раиси агентии байналмилалии нерӯи ҳастаӣ
Раиси агентии байналмилалии нерӯи ҳастаӣ мегӯяд, эҳтимол таъмири густурда дар коргоҳи низомии эронӣ тамоми шаҳодатҳои пажӯҳиши тавлиди силоҳи ҳастаиро аз байн бурда бошад.

Агентӣ мехоҳад коргоҳи ҳастаии Порчини канори Теҳронро тафтиш намояд, зеро тибқи тахминҳо дар Порчин озмоиши унсурҳои силоҳи ҳастаӣ сурат гирифтааст.

Рӯзи душанбе дар шаҳри Вена раиси агентии байналмилалии нерӯи ҳастаӣ Юкия Амано гуфт, эҳтимол дар он ҷо дигар шаҳодати озмоиш боқӣ намонда бошад.

Амано ҳамчунон иброз доштааст, ки кӯшишҳои бартараф намудани нигарониҳо дар иртибот бо барномаи ҳастаии Теҳрон то кунун муваффақ нашудаанд.
XS
SM
MD
LG