Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар Қӯрғонтеппа машқ мекунад


Тими миллӣ ҳангоми машқ
Тими миллӣ ҳангоми машқ

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо раҳбарии Мӯбин Эргашев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими миллии кишвар, ба бозии дӯстона бо мунтахаби Афғонистон омодагӣ мебинад.

Ин бозии дӯстона рӯзи сешанбеи 4 июн, соати 17 дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор мешавад. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 21 бозигар - 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар дохиланд.

Дар ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки 1-уми июн дар шаҳри Қӯрғонтеппа шурӯъ шуд, 8 бозигар аз «Истиқлол»-и Душанбе, 5 футболбоз аз «Равшан»-и Кӯлоб, 4 нафар аз «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, 3 нафар аз «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва як нафар аз «Хайр»-и Ваҳдат ширкат доранд.

Ба иттилоъи дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин ҷамъомад ду узви дастаи мунтахаби кишвар - нимимоятгарон Маҳмадалӣ Содиқов аз дастаи «Хуҷанд» ва Иброҳим Рабимов аз тими «Истиқлол» - иштирок надоранд. Ду рӯз пеш модари Маҳмадалӣ аз олам гузашт. Иброҳим бошад, лат хӯрдааст.

Мунтахаби Тоҷикистон, ки дар меҳмонхонаи «Рамз»-и Қӯрғонтеппа қарор гирифтааст, 1-уми июн соати 17 дар ҳавои сӯзон 45 дақиқа тамрин кард. Футболбозони тоҷик 2-3-юми июн дар як рӯз ду бор – пагоҳӣ ва бегоҳӣ - машқ мекунанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон:

дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Рустам Ризоев («Равшан»), Абдуазиз Маҳкамов («Хуҷанд»);

ҳимоятгарон: Далер Тӯхтасунов, Ҳасан Рустамов (ҳарду - «Равшан»), Соҳиб Саванқулов, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов (ҳарсе - «Истиқлол»), Сиёвуш Асроров, Манучеҳр Аҳмадов (ҳарду - «Хуҷанд»);

нимҳимоятгарон: Абдусамад Ҳоҷибоев («Равшан»), Хуршед Маҳмудов, Расул Файзов (ҳарду - «Регар-ТадАЗ»), Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Ҷалилов (ҳарчор - «Истиқлол»), Ҷамшед Исмоилов («Хайр»);

ҳамлагарон: Комил Саидов, Аҳтам Ҳамроқулов (ҳарду - «Регар-ТадАЗ»), Ҷаҳонгир Эргашев («Истиқлол»), Давронҷон Тӯхтасунов («Равшан»).

Ҳайати раҳбарикунанда: Рустам Усмонов – менеҷер, Мӯбин Эргашев – иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ, Салоҳиддин Ғафуров – мураббии калон, Никола Лазаревич – мураббӣ оид ба омодагии ҷисмонӣ, Амоншо Саодатсайров – мураббии дарвозабонҳо, Фаррух Авезов – духтур, Ҳалим Маҷидов – маъмур.
XS
SM
MD
LG