Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҲНИТ дар Кӯлобро 2 000 сомонӣ ҷарима бастанд


Додгоҳи Кӯлоб раиси бахши шаҳрии ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон(ҲНИТ) дар ин шаҳрро 2 ҳазор сомонӣ ҷарима кард.

Додгоҳ Абдусамад Ғайратовро дар вайрон кардани моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ҷалби ноболиғон ба маросимҳои динӣ ва моддаи 13-и қонуни танзими расму оин гунаҳкор донистааст.

Маҳмадшариф Набиев, раиси ин ҳизб дар минтақаи Кӯлоб ба Озодӣ гуфт, онҳо ҳукми додгоҳро ноодилона дониста, аз он ба додгоҳи болоӣ шикоят мебаранд.
Абдусамад Ғайратов мегӯяд, ӯро ба он гунаҳкор мекунанд, ки гӯё бидуни мувофиқа ва хилофи қонун мавлуди Паёмбари исломро бо иштироки бонувону ноболиғон баргузор кардааст.

Мо аслан мавлуд нагузаронидем, балки ин як семинар буд, ки нақшааш як сол пеш бо раёсати ҳизб мувофиқа шуда буд. Семинар дар мавзӯъи «Муҳаммад (с) раҳмати оламиён аст» ном дошт ва дар рӯзи истироҳат бояд гузаронида мешуд. Ин рафтори мо хилофи қонун набуд, аммо мо инро нобоварӣ ба фаъолияти шаффофу қонунӣ ва фишори ҳамаҷониба ба худ медонем,”- гуфт оқои Ғайратов.

Ин чорабинии бахши шаҳрии ҲНИТ дар Кӯлоб 10-уми феврали соли равон бояд доир мешуд, аммо кормандони умури дохила монеъи баргузориаш шуданд.
XS
SM
MD
LG