Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як нишони тилло ва рекорди нави Дилшод Назаров


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Гурзандози тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ аз силсилаи «IAAF World Challenge» дар шаҳри Галлаи Олмон медали тилло ба даст овард.

Дилшод Назаров ин дафъа дар Олмон гурзро ба масофаи 80 метру 71 сантиметр ҳаво дод. Ин натиҷа рекорди шахсии Дилшод Назаров дар мусобиқоти байналмилалист.

Ба иттилоъи Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, то имрӯз дар силсилаи сабқатҳои Ҷоми даъвати ҷаҳонии варзиши сабук ин натиҷаи беҳтарин аст. Дилшод дар ин мусобиқа баъди панҷ маротиба ҳаво додани гурз ба чунин натиҷа ноил гашт.

Мақоми дувумро варзишгари олмонӣ Маркус Эссер бо натиҷаи 77,86 м соҳиб шуд. Сергей Литвинов аз Русия бо натиҷаи 77,07 м дар ҷойи севум қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, ки 13-уми май дар чунин мусобиқот дар Бразилия Дилшод Назаров бо натиҷаи 78,49 метр барандаи медали тилло ва 5-уми май дар Ҷопон бо натиҷаи 77,61 метр соҳиби медали нуқра гардида буд.

Ба ин тартиб, танҳо дар моҳи равон ин гурзандози маъруфи тоҷик дар сабқатҳои байналмилалӣ соҳиби се нишон - ду медали тило ва як нуқра шуд.


Дилшод Назаров аз хушномтарин ситораҳои варзиши тоҷик ба шумор меравад ва шарафи Тоҷикистонро дар се Олимпиадаи ахири тобистона ( Афина -2004, Пекин-2008 ва Лондон -2012) ҳимоят кардааст. Ӯ моҳи марти соли равон барои бори дувум раиси Федеросиюни варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд.

Дилшод Назаров 6-уми майи соли 1982 дар Душанбе ба дунё омадааст. Корномаи варзишии ин гурзандоз чунин аст:

Ғолиби Бозиҳои V Осиёи Марказӣ (Душанбе, 2003).

Ҷойи 2-юм дар Бозиҳои Африқоиву Осиёӣ (Ҳиндустон, 2003).

Ғолиби Бозиҳои I кишварҳои исломӣ (Арабистони Саудӣ, 2005).

Ҷойҳои 2-юм дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё (Кореяи Ҷанубӣ, 2005, Урдун, 2007).

Қаҳрамони Осиё (Чин, 2009).

Ғолиби дукаратаи Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар (2006) ва Чин (2010)

Ширкаткунандаи Бозиҳои олимпӣ дар Афина (2004), Пекин (2008) ва Лондон (2012).

Ғолиб ва ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалӣ (2009-2013).
XS
SM
MD
LG