Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қимати гуфтугӯҳои телефонӣ андаке боло меравад


Сар аз моҳи июн харҷи телефонҳо дар Тоҷикистон бештар мешавад, зеро қиматгузории хадамоти телефонӣ дар кишвар бо пули миллӣ хоҳад шуд, на доллар, ки ҳоло ҳаст.

Масалан ҳоло ҳар вақте занг занед, смс мегиред, ки аз ҳисоби шумо чанд сент кам шуд, вале аз моҳи июн ба шумо хоҳанд гуфт, фалон қадар дирам кам шуд.

Ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон эълон кардаанд, ки сар аз якуми июн бар асоси қонун, муҳосиботро бо пули миллӣ мекунанд ва баъди ин гузариш кори муштариён барои ҳисобу китоби сарфу харҷашон осонтар мешавад. Аммо Иван Голодов, мутахассис ва муаллифи блоги nt.tj мегӯяд, ки тағйирот бешак қиматҳоро андаке болотар хоҳад бурд.

Дар сӯҳбат бо Иван Голодов нахуст аз ӯ дар бораи таъсири ин гузариш ба ҳамёни муштариёни ширкатҳои мухобиротӣ пурсидам:

Иван Голодов: “Возеҳ аст, ки қимати гуфтӯгуҳои телефонӣ андаке боло меравад. Воқеан аз ҳоло ширкатҳои Мегафон ва Тиселл дар вебсайтҳои худ нархномаҳои нави худро нашр кардаанд, ки бо сомонӣ нишон дода шудааст. Масалан, нархномаҳое, ки дар онҳо як сент нишон дода мешуд, ба мисли як сент барои гуфтугӯ дар дохили шабака ё як сент имтиёз, ҳоло инҳо 6 дирам шудаанд. Ҳоло қурби сомонӣ бар тибқи қурби муайянкардаи Бонки Миллӣ 4 сомониву 76 дирам аст ва агар бубинем, онҷо арзиши гуфтугӯ 10 ё 15 дар сад афзоиш ёфта ва 6 дирамро ташкил медиҳад. Дар нархномаҳое, ки 3 ё 4 сент буд, ҳоло камтар 5,3 дирам нишон дода шудааст. Вале ба ҳар сурат, муштариён андак боло рафтани қиматҳоро эҳсос хоҳанд кард. Шояд қиматҳо зиёд боло намераванд ва ба ҳамёни муштариён зарбаи сахте намезананд, вале дар маҷмӯъ қиматҳо боло хоҳанд рафт.”

Озодӣ: Агар соддатар бигӯем, масалан ман моҳи май барои гуфтӯгуҳои телефонӣ ва интернет 50 сомонӣ харҷ кардам, моҳи июн 52 ё 53 сомонӣ харҷ хоҳам кард?

Иван Голодов: “Инро бояд ҳисоб кард, ҳисоб карданаш сахт аст. Ҳамаи ин ба худи муштарӣ вобаста аст, ки чӣ қадар истифода кардааст. Қурби муайяне нест, ки ширкатҳои мухобиротӣ нархномаро бар асоси он муайян карда бошанд. Онҳо нархномаҳоро ба дирам баргардондаанд, масалан дар баъзе ҳолатҳо барои ҳар мегабайт қимат таъйин кардаанд. Тафовут на танҳо дар тағйир аз доллар ба сомонист, балки худи нархномаҳо ҳам андаке тағйир ёфтаанд. Аз ин рӯ бо бештар шудани харҷи муштариён бешак нофаҳмиҳо сар мезананд, ба марказҳои хидматрасонии ширкатҳо телефон зиёд мешавад ва ба вебсайтҳо рӯ меоранд.”

Озодӣ: Метавон гуфт, ки дар марҳилаи аввал шояд мушкилоти аз ин ҳам бештар дар кори ширкатҳои мухобиротӣ сар занад, дарди сар эҷод шавад?

Иван Голодов: “Бале дар марҳилаи аввал мумкин аст, ки ширкатҳои мухобиротӣ гирифтори мушкил шаванд, кадом яке системаҳояшон ҳангоми гузариш ба муҳосиботи нав, аз кор биафтанд, муҳосиба нодуруст шавад. Барои муштариён мушкил пеш ояд, ин албатта як тағйири муҳим аст, ки барои ширкатҳои мухобиротӣ мушкилоте пеш меорад, аммо на ба ҳадде, ки онро ҳал карда натавонанд. “

Озодӣ: Вале ширкатҳои мухобиротӣ бояд ба ин муҳосибаву қимматгузорӣ ба асъори миллӣ мегузаштанд, зеро қонун талаб мекунад, айни замон ин гузариш чӣ паҳлӯҳои мусбат дорад?

Иван Голодов: “Тағйири мусбат албатта ҳаст. Баъди онки қиматҳо андаке боло рафт ва шояд ҳеҷ кас инро ҳам эҳсос накунанд ва ҳама чиз дуруст шуд ва мардум ором гирифтанд, ҳисоби харҷи шумо барои телефон осон мешавад. Яъне шумо дар ҳисоби худ барои телефон масалан 10 сомонӣ мегузоред ва ҳисобу китоб бо як арз барои шумо соддаву осонтар аст. Саъй намекунед, ки дар сари худ як арзро ба арзи дигар баргардонед ва ҳисоб кунед, ки пули телефони шумо чӣ қадар кам шуд. Дигар ин ки гузариш ба муҳосибот ба арзи миллӣ барои иқтисоди кишвар ҳам муфид аст. Гузариш ба муҳосиба бо арзи миллӣ ҳамеша иқтисоди кишварро қавӣ мекунад. Ин гуна тағйир дар Русия барвақт анҷом шуд ва онҷо муҳосиба ҳама бо рубл аст ва ҳам қиматҳо арзонтар аст. “

Озодӣ: Воқеан моҳи май агар як нафар дар ҳисобаш 30 доллар дорад, онро чӣ гуна ба сомонӣ бармегардонанд?

Иван Голодов: “Ин суол воқеан бояд ба худи ширкатҳои мухобиротӣ бошад, чун барои ман ҳам як муаммо аст. Хоҳем дид, ки чӣ гуна мешавад, вале ғолибан ба тахмини ман, агар шумо як доллар дар телефони худ дошта бошед, онро бар асоси қурби муайянкардаи Бонки Миллӣ ба 4 сомони 76 дирам табдил мекунанд. Аммо ман намедонам, инро чӣ гуна мекунанд ва чаҳор ширкат вуҷуд дорад, ки мумкин аст, онро ҳар яке ба шакли худ анҷом диҳад. “
XS
SM
MD
LG