Аз рӯи натиҷагирии қувваозмоии 8-раунда ҳарсе довар муштзани тоҷикро бо ҳисобҳои 80:72; 80:73; 80:72 ғолиб донистанд. Бояд гуфт, ки Соҳиб Усарови 29-сола то ҳоло дар бокси ҳирфаӣ ягон қувваозмоиро набохтааст. Вай дар ҳамаи 19 қувваозмоӣ (6-тоаш бо нокаут) ғолиб шудааст.
Соҳиб Усаров рӯзи 27-уми май дар Маскав дар сабқати ниҳоии 12-раунда дар вазни то 60 кг бо Сулаймонбек уулу Акжола аз Қирғизистон вориди рақобат мешавад.
Соҳиб Усаров 5-уми декабри соли 1983 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғди Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ба бокс аз синни 15-солагӣ машғул аст. Вай аз соли 1999 дар Русия ба сар мебарад. Аз синни 22-солагӣ дар сабқати бокси ҳирфаӣ ҳунарнамоӣ мекунад. Қаҳрамони Русия, қаҳрамони Аврупо аз рӯи ривояти WBO дар вазни дувуми сабуктарин (то 55,3 кг) мебошад.
Муштзани тоҷик бо раҳбарии мутахассиси русиягӣ Михаил Шермат тамрин карда, ба мусобиқот омодагӣ мебинад. Промоутери Усаров – ширкати Ҷо Де Гуардия Star Boxing мебошад.