Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба Баҳрайн


Имрӯз, 22-юми май, дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) озими Баҳрайн шуд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон футболбозони навраси тоҷик дар пойтахти Баҳрайн – Манама бо раҳбарии мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузуки дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ ширкат карда, ба мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Каспий», ки аз 28-уми май то 6-уми июн дар Бокуи Озарбойҷон баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони кишвар дар ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ 18 футболбоз, аз он ҷумла, 2 дарвозабон, 5 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар дохиланд.

Дар Баҳрайн баргузории ду бозии санҷишӣ дар назар аст. Баъди анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба Боку сафар менамояд. Дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Каспий” футболбозони навраси тоҷик дар даври пешакӣ бо дастаҳои мунтахаби наврасони Уругвай (29-уми май) ва Ҷопон (30-юми май) рақобат хоҳанд кард.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16):

Дарвозабонҳо: Шаҳром Исмоилов («Вахш»), Беҳрӯз Хайриев («Норак»);

Ҳимоятгарон: Муҳаммади Ҳасан, Абубакр Азимов («Равшан»), Эраҷ Сафаров («Истиқлол»), Алишер Сафаров (РШВСМ), Фирӯз Ризомов («Вахш»);

Нимҳимоятгарон: Искандар Мамадқулов, Сомон Мавлонов («Саройкамар»), Сироҷ Гулмамадов («Норак»), Худойдод Узуков («Вахш»), Муҳаммад Шарифов, Сӯҳроб Муъминов (РШВСМ);

Ҳамлагарон: Рустам Толибов, Собир Гулаков, Ҳасан Ҳакимов (РШВСМ), Ҳикмат Муллодӯстов («Саройкамар»), Кароматулло Саидов («Вахш»).

Сармураббӣ – Чикаши Сузуки (Ҷопон).

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG