Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як узбакистонӣ дар Амрико ба иттиҳоми терроризм


Маъмурони амниятии Амрико рӯзи панҷшанбе як шаҳрванди Узбакистонро ба иттиҳоми терроризм дар иёлоти Айдаҳо боздошт карданд.

Додситони маҳаллӣ номи ин мардро Фазлиддин Қурбонов ва сини ӯро 30 сол эълон кардааст. Тибқи ин гузориш, дар парванда алайҳи муттаҳам омадааст, ки тайи як соли гузашта, ӯ дар ҳамкорӣ бо дигарон аз гуруҳи Ҳаракати исломии Узбакистон бо фиристодани пули нақд ва нармафзорҳои компютерӣ, ҳимоят кардааст.

Фазлиддин Қурбонов ҳамчунин ба иттиҳоми дар ихтиёр доштани дастгоҳи инфиҷории ғайри қонунӣ ва тақсими маълумот дар бораи бамб ва силоҳҳои куштори ҷамъӣ, муҳокима хоҳад шуд. Қарор аст ӯ имрӯз ҷумъаи 17-уми май дар додгоҳи федералии шаҳри Бойзӣ ҳозир шавад.

Ин барои бори аввал нест, ки як шаҳрванди Узбакистон дар Амрико ба иттиҳоми терроризм боздошт мешавад. Дар моҳи июни соли гузашта, ИМА як шаҳрванди дигари Узбакистонро бо ҷурми тарҳрезии сӯиқасд ба ҷони президенти ин кишвар Барак Обама ба 15 сол зиндон кард. Улуғбек Қодирови 22-сола эътироф карда буд, ки қасд дошт, дар рафти маъракаи интихобот президенти ИМА Барак Обамаро ба қатл расонад. Қодиров гуфта буд, ӯ тавассути интернет бо нафаре, ки эҳтимолан узви созмони исломии узбак будааст, барномаи қатли президенти ИМА-ро машварат карда, дар пайи харидани силоҳ шудааст.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон пайравони Ҳаракати Исломии Узбакистон таҳти раҳбарии фармондеҳ Ҷумъаи Намангонӣ ва Тоҳири Юлдош дар сафҳои нерӯҳои мухолифини тоҷик бар зидди ҳукумати Тоҷикистон ҷангида буданд. Аммо ба қавли мухолифини тоҷик баъди имзои созиши умуми сулҳи миёни тоҷикон ва ваъдаи ҳамоиши намояндагони мухолифини тоҷик ба ниҳодҳои ҳукумати Тоҷикистон ҷангиёни Ҳаракати Исломии Узбакистон ва аъзои оилаҳояшон аз қаламрави Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон кӯч баста ва бо Толибон ва "Ал-Қоида" пайвастанд.

Охирин иқдоми низомии Ҳаракати Исломии Узбакистон ин ҳамлаи интиҳорӣ дар шаҳри Кветтаи маркази вилояти Балуҷистони Покистон мебошад, ки чанд рӯз пеш сурат гирифт, ки бар асари он дасти кам 6 нафар кушта шуданд. Ба гуфтаи мақомоти расмии Покистон, дар ин ҳамла маъмурони пулис ва шибҳанизомиён кушта шуданд ва 60 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ин гуруҳ аз сӯи бисёре аз кишварҳо ба унвони созмони терростӣ шуда шинохта шуда ва аз ҷумла фаъолияти он дар қаламрави Тоҷикистон низ мамнуъ мебошад.
XS
SM
MD
LG