Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зодаи Тоҷикистон – барандаи Ҷоми Аврупо, вале аз номи Русия


Бузургмеҳр Қодирӣ

Бузургмеҳр Қодирӣ, зодаи Тоҷикистон, дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни навҷавонон дар Лиони Фаронса ба Русия медали тилло овард.

Ин варзишгари ҷавон, ки дар шаҳри Маскави Русия ба сар мебарад, дар рақобатҳо дар вазни то 66 кг дар қувваозмоии ниҳоӣ бар рақибаш Томас Лиссенс аз Белгия бо имтиёзи ваза-ари ғолиб шуд ва мақоми аввалро касб кард.

Дар ин мусобиқа, ки миёни писарону духтарони синнашон то 21-сола баргузор шуд, дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Фаронса бо касби 5 медали тилло, 4 нуқра ва 14 биринҷӣ ғолиб омад.

Мунтахаби Русия, ки танҳо аз ҳисоби писарон иборат буд, бо касби 5 медали тилло, 4 нуқра ва 7 биринҷӣ дувум шуд. Ҳолландиҳо дар ҷойи севум (3+2+3) қарор гирифтанд.

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG