Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон ба дастаи Кувайт


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар доираи омодагиҳо ба бозиҳои интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Кувайт ду бозии дӯстона анҷом дод.

Футболбозони ҷавони тоҷик бо роҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров дар шаҳри Ал-Кувайт рӯзи 11-уми май бо дастаи мунтахаби ҷавонони Кувайт бозии дувуми дӯстона карданд, ки он бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи мизбонон хотима ёфт.
Ёдовар мешавем, ки бозии авали дӯстона 9-уми май бо дастаи мунтахаби ҷавонони Кувайт бо ҳисоби 0:0 ба охир расида буд.

Имрӯз, 13-уми май дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон ба Ватан бармегардад.

Бозии дувуми дӯстона
Кувайт (U-19) - Тоҷикистон - (U-19) - 2:0

Тоҷикистон: Эмомалӣ Сониев (Дилшод Дадобоев, 46), Анвар Ҳамроқулов, Самандари Хайриддин (Алишер Ҷӯраев, 75), Фирдавс Чақалов (капитан), Дилшод Расулов (Меҳроҷиддин Музаффаров, 46), Ҷаҳонгир Алиев (Додохон Муъминов, 55), Муҳсинҷон Парпиев (Вайсиддин Сафаров, 46), Сиёвуш Муҳсинов (Суннатулло Холов, 75), Зокир Иброҳимов, Комрон Турсунов, Салимҷон Умуров (Зайниддин Сафаров, 77).
XS
SM
MD
LG