Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми AFC-2013: 30 апрел - "Равшан" - "Ал Шорта", 1 май - "Ал Риффа" - "Регар"


Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, қаҳрамони Тоҷикистон, дар бозии даври шашум ва охирини мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC- Конфедератсияи футболи Осиё-2013 рӯзи сешанбе, 30-юми апрел дар шаҳри Хуҷанд бо тими “Ал Шорта”-и Сурия рақобат мекунад.

Ин бозии гурӯҳи “D” дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и маркази вилояти Суғд баргузор мешавад. Дар бозии дигари ин гурӯҳ дастаи “Ал Қудсия”-и Кувайт дар майдони худ бо тими “Ал Рамза”-и Урдун қувва меозмояд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи «Равшан» дар даври дувум рӯзи 13-уми март дар сафар аз тими “Ал Шорта” бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуда буд.

Баъди натиҷагирии бозиҳои панҷ даври мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи “D” тими “Ал Қудсия” бо 12 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Тимҳои “Ал Рамза” ва “Ал Шорта” бо 9-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд. Дастаи “Равшан” бидуни имтиёз (таносуби тӯбҳояш 1-14) дар зинаи охирин - 4-ум ҷойгир шудааст.

Намояндаи дигари Тоҷикистон - дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, барандаи Ҷоми кишвар, дар даври шашум ва охирини мусобиқаи гурӯҳӣ, ки рӯзи 1-уми май баргузор мешавад, дар Баҳрайн бо тими “Ал Риффа” рақобат хоҳад кард.

Ин бозии гурӯҳи “А”дар Варзишгоҳи миллии пойтахти Баҳрайн – Манама баргузор мешавад. Дар бозии дигари ин гурӯҳ дастаи “Сафо”-и Лубнон бо тими меҳмон - “Кувайт”-и Кувайт вориди рақобат хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи «Регар-ТадАЗ» дар даври дувум рӯзи 12-уми март дар Хуҷанд аз тими “Ал Шорта” бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрда буд.

Зоир Бобоев
Зоир Бобоев
Дар ҳамин ҳол дар гурӯҳи “А” дастаи “Кувайт” бо 12 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Тими “Ал-Риффа” бо 9 имтиёз дар ҷойи дувум ва дастаи “Сафо”бо 7 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд. Дастаи “Регар-ТадАЗ” бо як имтиёз (таносуби тӯбҳояш – 4-15) дар ҷойи охирин – 4-ум мебошад.

Зоир Бобоев, мураббии маъруфи футболи тоҷик, дар бораи ширкати дастаҳои “Равшан” ва “Регар-ТадАЗ” дар Ҷоми AFC ба радиои Озодӣ чунин ибрози назар кард: “Бори аввал аст, ки дастаҳои мо дар Ҷоми АФК ширкат меварзанд. Албатта сатҳи рақибонашон баланд аст. Ин дастаҳои пурқуввати кишварҳои Араб мебошанд. Онҳо аз ҳама ҷиҳат – молию моддӣ таъминанд ва легионерҳои моҳир доранд. Вале ба ин нигоҳ накарда, дастаҳои футболи мо аз ин мусобиқа таҷоруби хуби бозии байналмилалӣ касб мекунанд. Фикр мекунам, дар мусобиқоти оянда дастаҳои футболи мо, ки қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон мешаванд, хубтар бозӣ хоҳанд кард. Барои баланд бардоштани сатҳи чемпионати Тоҷикистон бояд Лигаи касбӣ таъсис дода шавад. Сармоягузоронро барои рушди футболи тоҷик, бахусус клубҳои лигаи олӣ бештар ҷалб намудан зарур аст.”


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG