Пайвандҳои дастрасӣ

Ду медали паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод дар пойтахти Ҳиндустон – Ню Деҳлӣ ду медал – як нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон 7 варзишгар шомил буд. Паҳлавони маъруфи тоҷик Искандари Рустам, ширкаткунандаи Олимпиадаи Лондон-2012, дар рақобатҳо дар вазни то 96 кг бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ба финал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз гуштигири Кореяи Ҷанубӣ Ҷей-Ганг Ким мағлуб шуд ва бо медали нуқра сарфароз гашт.

Паҳлавони дигари тоҷик Комилҷони Сафаралӣ дар мубориза барои медали биринҷӣ бар рақибаш Мардон Ҷӯраев аз Туркманистон ғолиб омад.

Дар ин мусобиқаи қитъавӣ намояндагони дигари Тоҷикистон дар сабқати гуштии озод ба чунин натиҷаҳо ноил шуданд: Николай Ноев (60 кг) – ҷойи 5-ум, Сомиршо Воҳидов (74 кг) – ҷойи 5-ум, Фарҳод Анақулов (120 кг) – ҷойи 7-ум, Саидмузаффар Муддинов (55 кг) – ҷойи 13-ум ва Тоҷиддин Хоҷаев (66 кг) – ҷойи 14-ум.

Ҳамзамон дар Ню Деҳлӣ мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии фарангӣ ё юнониву румӣ баргузор шуд. Тоҷикистонро дар ин намуд се гуштигир - Аҳмад Қодиров (74 кг), Ҳабибулло Абдуллоев (96 кг) ва Муродҷон Тӯйчиев (120 кг) намояндагӣ карданд. Ҳарсе дар вазни худ ҷойҳои панҷумро соҳиб шуданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG