Ин мусобиқа дар шаҳри Бишкек бо ширкати дастаҳои мунтахаби Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор шуд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии Ҷамшед Абдуҷабборов ва Далер Фозилов 11 варзишгар ва як довар - Диловар Зайниддинов шомил буданд.
Варзишгарони тоҷик Насҳиддин Ворисов (63 кг), Шаҳриёр Каримов (80 кг), Шукрона Шарифова (46 кг) ва Адолат Алишерова (49) дар вазни худ ғолиб шуда, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.
Сафарбек Тошматов (54 кг), ки ҷойи дувумро гирифт, бо медали нқра мукофотонида шуд. Ба панҷ варзишгари дигари тоҷик - Наврӯз Ҳомидов (63 кг), Мустафо Сатторов (54 кг), Суннатулло Муҳаммадӣ (58 кг), Нилуфар Содиқова (49 кг) ва Парвина Раззоқова (62 кг) барои ҷойҳои севум медалҳои биринҷӣ супурда шуданд.