Ин бозии гурӯҳи “D”рӯзи сешанбе, 23-юми апрел дар варзишгоҳи байналмилалии Шоҳ Абдуллоҳи пойтахти Урдун – шаҳри Уммон баргузор шуд.
Голҳоро Аманҷо (дақиқаи 5-ум), Мусъаб Аллаҳҳам (30), Муҳаммад Ал Довуд (44), Муҳаммад Кассас (53) ва Болигубия (83) заданд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи “Равшан” дар нахустин бозиаш рӯзи 6-уми март дар шаҳри Хуҷанд аз тими “Ал Рамза” бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда буд.
Дар бозии дигари даври панҷум дар гурӯҳи “D” рӯзи сешанбе дастаи “Ал Шорта”-и Сурия дар майдони худ аз тими “Ал Қудсия”-и Кувайт бо ҳисоби 0:2 мағлуб гашт.
Баъди натиҷагирии бозиҳои панҷ даври мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи “D” тими “Ал Қудсия” бо 12 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Тимҳои “Ал Рамза” ва “Ал Шорта” бо 9-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд. Дастаи “Равшан” бидуни имтиёз (таносуби тӯбҳояш 1-14) дар зинаи охирин - 4-ум ҷойгир шудааст.
Дастаи «Равшан» дар даври шашум ва охирини мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC рӯзи 30-юми апрел дар шаҳри Хуҷанд бо тими “Ал Шорта”-и Сурия рақобат мекунад.
Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, барандаи Ҷоми Тоҷикистон, бозии даври панҷуми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-ро рӯзи чоршанбе, 24-уми апрел дар шаҳри Хуҷанд бо тими “Сафо”-и Лубнон анҷом медиҳад.
Ин бозии гурӯҳи “А” дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и маркази вилояти Суғд соати 15 оғоз меёбад. Ёдовар мешавем, ки нахустин бозии дастаи “Регар-ТадАЗ” рӯзи 5-уми март дар сафар бо тими “Сафо” бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфта буд.
Дар бозии дигари даври панҷум дар гурӯҳи “А” рӯзи чоршанбе дастаи “Кувайт”-и Кувайт дар майдони худ бо тими “Ал Риффа”-и Баҳрайн рақобат мекунад.
Ҳоло дар гурӯҳи “А” дастаи “Кувайт” бо 12 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Тими “Ал-Риффа” бо 6 имтиёз дар ҷойи дувум ва дастаи “Сафо” бо 4 имтиёз дар ҷойи севум мебошанд. Дастаи “Регар-ТадАЗ” бо як имтиёз (таносуби тӯбҳояш – 2-12) дар ҷойи охирин – 4-ум қарор дорад.