Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вақте Малика ва Сабина ҳамоно бенишонанд...


Бенишон шудани ду кӯдак дар Душанбе миёни падару модарон ва омӯзгорону мураббияҳо ваҳму ҳаросро ба бор овардааст.

Дигар дар кӯчаву ҳавлиҳои шаҳри Душанбе кӯдакони танҳоро дидан мушкил аст. Агар онҳо саргарми бозиянд, ҳатман калонсоле низ дар наздашон аст ва агар онҳо аз мактаб меоянд, падар ё модар ё бародару хоҳар онҳоро ҳамроҳӣ мекунанд. Бенишон шудани ду кӯдак ва эълони он ки дар ин робита парвандаи "одамрабоӣ" боз шудааст, ҳазорон оиларо ба воҳима овард. Умедвориҳое, ки Малика ва Сабина ба зудӣ пайдо хоҳанд шуд, акнун ҳарчӣ бештар ба нобоварӣ табдил меёбанд.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рӯзи авал гуфта буд, барои ҷустуҷӯи духтарчаҳо беҳтарин кормандони худро сафарбар кардааст. Амакбачаҳо Малика ва Сабина Араловаҳо рӯзи 25 мартаз ҳавлии биное дар хиёбони Айнӣ, наздикии маркази "Садбарг"-и пойтахти Тоҷикистон ғайб заданд ва то ҳанӯз касе гуфта наметавонад, ки онҳо дар куҷоянд. Ин ҳодиса омори гуногунеро дар бораи бенишон шудани кӯдакону наврасон ва ҳамзамон овозаҳои мухталифи ваҳмангезеро сари забонҳо кард. Биноан, падару модарон, муаллимони мактабҳо ва мураббияҳои боғчаву кӯдакистонҳо муроқиби кӯдаконанд ва талош мекунанд, онҳоро беназорат нагузоранд.

Худи кӯдакон низ насиҳатҳои шунидаи хешро батакрор ба забон меоранд, ки барои эҳтиёт бояд чӣ корҳо кунанд: "Бо бегонагон гап назананд, даъвати касеро гӯш накунанд, бо дидани мошинҳои сиёҳ, манзур шишасиёҳ, гурезанд... ва монанди инҳо...

Ташвишу ҳароси тифлон ва волидони онҳоро дар ин навор бубинед. Оё ин вазъ қобили қабул аст ва дар чунин рӯҳия калон шудани кӯдакон ба онҳо чӣ таъсир хоҳад дошт? Агар андешае дар ин бора доред, дар гӯшаи "Шарҳи Шумо" барои мо бинависед.

Нигаронӣ аз амнияти кӯдакон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:24 0:00
XS
SM
MD
LG