Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии «Парвоз» бар «Истаравшан» ва мусовии ССКА бо «Хуҷанд»


Ду бозии даври сеюми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи шанбе, 20-уми апрел баргузор шуд.

Дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ бар тими «Истаравшан»-и Истаравшан бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Голҳоро легионери узбакистонӣ Илҳом Мирзоев (дақиқаи 47-ум) ва Нодирбек Маъмиров (дақиқаи 57-ум) заданд.

Дастаи ССКА «Помир»-и Душанбе бозиро дар майдони худ бо тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 1:1 анҷом дод. Муҳаммад Гулипур, легионери эронии «Хуҷанд», дар дақиқаи 49-ум ҳисобро боз кард. Стенли, легионери ССКА аз Гана, дар дақиқаи 70-ум ҳисобро баробар намуд.

Як бозии дигари даври сеюми мусобиқа рӯзи якшанбе, 21-уми апрел байни дастаҳои «Энергетик»-и Душанбе - «Вахш»-и Қӯрғонтеппа барпо мегардад.

Даври 3-юм
20-уми апрел, шанбе.


«ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров) - «ИСТАРАВШАН» (Истаравшан) – 2:0.
Б.Ғафуров. Варзишгоҳи “Фурудгоҳ”. Голҳо: Илҳом Мирзоев, 47 (1:0). Нодирбек Маъмиров, 57 (2:0).

ССКА «ПОМИР» (Душанбе) - «ХУҶАНД» (Хуҷанд) – 1:1. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. Голҳо: Муҳаммад Гулипур, 49 (0:1). Стенли, 70 (1:1).

21-уми апрел, якшанбе. Оғози бозӣ – соати 16.00

«ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе) - «ВАХШ» (Қӯрғонтеппа). Душанбе. Варзишгоҳи “Авиатор”. Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Истиқлол» 2 2 0 0 9-2 6
2. «Хайр» 2 1 1 0 3-1 4
3. «Парвоз» 3 1 1 1 2-1 4
4. «Хуҷанд» 3 1 1 1 2-2 4
5-6. «Равшан» 1 1 0 0 1-0 3
5-6. «Регар-ТадАЗ» 1 1 0 0 1-0 3
7. ССКА «Помир» 2 0 2 0 1-1 2
8. «Энергетик» 2 0 1 1 0-1 1
9. «Истаравшан» 2 0 1 1 0-2 1
10. «Вахш» 2 0 1 1 1-4 1
11. «Панҷшер» 2 0 0 2 2-8 0

Нишонзани беҳтарин: Дилшод Восиев («Истиқлол») – 3 гол.
XS
SM
MD
LG