Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт дар Душанбе


Субҳи имрӯз, 20-уми апрел дар шаҳри Душанбе ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт оғоз ёфт.

Дилшод Қурбонов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “дар ин ниммарафони байналмилалӣ, ки барои бори чорум бо тасмими раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шудааст, ба ҷуз варзишгарони тоҷик давандаҳои касбӣ аз бародаршаҳрҳои Душанбе, шаҳрҳои бузурги кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва кишварҳое, ки бо мо ҳамкориҳои судманди иқтисодиву фарҳангӣ ва иҷтимоӣ доранд (мардону занони синнашон аз 18-сола боло) ширкат доранд. Инҳо варзишгарони Афғонистон, Беларус, Кения, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Украина ва Эрон мебошанд. Инчунин дар ин ниммарафон баъзе намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок мекунанд.“

Ниммарафони байналмилалӣ, ки масофаи 21 километру 97 метрро дарбар мегирад, аз рӯи масири дав – Наврӯзгоҳи Душанбе – хиёбони Ҳофизи Шерозӣ – маҳаллаи Хоҷамбиё – дидбонгоҳи Чорбоғ – хиёбони Рӯдакӣ – майдони “Дӯстӣ” (назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ) баргузор шудааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Қурбонов барои баргузории ниммарафони байналмилалӣ аз буҷаи шаҳрдорӣ беш аз 200 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шудааст. Ӯ афзуд: “ба ғолибони пойга миёни мардону занон мукофотпулӣ ба маблағи 3,5 ҳазор доллари амрикоӣ супурда хоҳад шуд. Ҳамчунин варзишгароне, ки ҷойҳои аз 2-юм то 6-умро мегиранд, бо мукофоти пулӣ сарфароз мешаванд: ҷойҳои 2-юм – 3000-долларӣ, 3-юм – 2500-долларӣ, 4-ум – 2000-долларӣ, 5-ум – 1800-долларӣ ва 6-ум – 1500-долларӣ. Мукофотро ба ғолибону беҳтаринҳои пойга дар маросими ботантана бахшида ба Рӯзи пойтахт, ки имрӯз, 20-уми апрел доир мешавад, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев месупорад. Ҳамчунин дар ин маросим ғолибони озмунҳои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш - “Беҳтарин мураббии варзиши сол”, Беҳтарин мактаби варзишии сол”, “Беҳтарин соҳибкор – ҳаводори варзиши сол” ва “Беҳтарин варзишгари сол” бо ҷоизаҳо сарфароз мегарданд.”

Ҷаноби Қурбонов, ҳамчунин, иттилоъ дод, ки дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи пойтахт ҳамзамон пойга миёни бачаҳои синнашон аз 8 то 10-сола ба масофаи 3 км, аз 10 то 12-сола ба масофаи 5 км ва аз 12 то 15-сола ба масофаи 8 км барпо мегардад ва ғолибони мусобиқа бо тӯҳфаҳои шаҳрдории Душанбе сарфароз мешаванд.
XS
SM
MD
LG