Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муштзанҳои тоҷик дар даври ниманиҳоии мусобиқаи Осиё


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни наврасони солҳои таваллудашон 1997-1998, ки дар шаҳри Шимкенти Қазоқистон ҷараён дорад, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дар ин мусобиқаи қитъавӣ 98 муштзани наврас аз 13 кишвари қора – Амороти Муттаҳидаи Араб, Бутан, Кувайт, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Ҳиндустон, Чин, Ҷопон ва Шри-Ланка ширкат доранд.

Мусобиқа аз рӯи қоидаҳои Созмони байналмилалии бокс (АИБА) дар гурӯҳи наврасон дар 13 вазн баргузор шудааст. Ҳар як қувваозмоӣ аз 3 раунди дудақиқаӣ иборат аст.

Бобоҷон Маҳмадрасулов, раиси Федератсияи бокси Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, муштзанҳои навраси тоҷик Баҳодур Усмонов (52 кг), Далерҷон Ҳусейнов (54 кг), Ҳамза Сулаймонов (63 кг) ва Абубакр Мирзоалиев (75 кг), ки ҳадди ақал бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида мешаванд, рӯзи 20-уми апрел даври ниманиҳоӣ барои ба финал баромадан мубориза мебаранд.

Баҳодур Усмонов бо Мендсайхан Батбайар (Муғулистон), Далерҷон Ҳусейнов бо Муҳаммадмурод Саҳедов (Туркманистон), Ҳамза Сулаймонов бо Эрденебилег Элбег (Муғулистон) ва Абубакр Мирзоалиев бо Донг Вен Лонг (Чин) рақобат мекунанд.

Се муштзани тоҷик Шаббос Неъматуллоев (66 кг), Фаридун Азимов (80 кг) ва Аминҷон Муродов (+80 кг), ки дар сабқати ниманиҳоӣ мағлуб шуданд, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида мешаванд.

Вале муштзанҳои дигари тоҷик Муҳаммадрасул Каримов (46 кг), Умед Ёқубов (48 кг), Шоҳрух Нозимов (95 кг), Исмоилхоҷа Комилов (57 кг) ва Муъмин Нозимов (60 кг) дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибони худ шикаст хӯрданд.

Қаҳрамонҳои нави бокси Осиё миёни наврасон дар даври ниҳоӣ рӯзи якшанбе, 21-уми апрел маълум хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG