Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Т.Абдураҳимов: “Вазифаи мо нигоҳ доштани мавқеамон дар лигаи олист”


Бозиҳои даври сеюми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 20-ум ва 21-уми апрел баргузор мешаванд.

Ду бозии даври сеюм рӯзи шанбе миёни дастаҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров - «Истаравшан»-и Истаравшан ва ССКА «Помир»-и Душанбе - «Хуҷанд»-и Хуҷанд барпо мегардад.

Як бозии дигари даври сеюм рӯзи якшанбе байни дастаҳои «Энергетик»-и Душанбе - «Вахш»-и Қӯрғонтеппа сурат мегирад.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
Линки мустақим



Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Истиқлол» 2 2 0 0 9-2 6
2. «Хайр» 2 1 1 0 3-1 4
3-4. «Равшан» 1 1 0 0 1-0 3
3-4. «Регар-ТадАЗ» 1 1 0 0 1-0 3
5. «Хуҷанд» 2 1 1 0 1-1 3
6-7. «Истаравшан» 1 0 1 0 0-0 1
6-7. ССКА «Помир» 1 0 1 0 0-0 1
8-9. «Парвоз» 2 0 1 1 0-1 1
8-9. «Энергетик» 2 0 1 1 0-1 1
10. «Вахш» 2 0 1 1 1-4 1
11. «Панҷшер» 2 0 0 2 2-8 0

Нишонзани беҳтарин: Дилшод Восиев («Истиқлол») – 3 гол.

Даври 3-юм
20-уми апрел (шанбе)
«Парвоз» - «Истаравшан». Бобоҷон Ғафуров. Варзишгоҳи “Фурудгоҳ”.
ССКА «Помир» - «Хуҷанд». Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ.

21 апрел (якшанбе)
«Энергетик» - «Вахш». Душанбе. Варзишгоҳи “Авиатор”.

Оғози бозиҳосоати 16.

Дастаи нави лигаи олӣ - «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Румӣ ҳарчанд дар ду бозии аввали мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон аз тимҳои пурқуввату пуртаҷриба - “Хайр”-и Ваҳдат (бо ҳисоби 0:2 дар сафар) ва «Истиқлол»-и Душанбе (бо ҳисоби 2:6 дар майдони худ) шикаст хӯрд, вале сармураббии даста Тухтабой Абдураҳимов дар суҳбат бо радиои Озодӣ аз бозии шогирдонаш изҳори қаноатмандӣ карда, чунин гуфт:

Тухтабой Абдураҳимов
Тухтабой Абдураҳимов
“Бисёр хурсандам, ки бозигарони мо муқобили дастаҳои пурзӯри лигаи олӣ чӣ ҳунаре, ки доштанд, нишон доданд. Дастаи мо, аслан, аз ҳисоби футболбозони маҳаллӣ, дастпарварони мактаби варзишии ноҳия ташкил шудааст. Инчунин мо ба даста чор бозигарро аз Душанбе даъват намудем, ки инҳо Зафарҷон Назиров, Ҷонибек Иброҳимов, Собирҷон Холматов ва Толиб Рустамов мебошанд. Сарпарасти даста раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ Амрулло Холов мебошад, ки ӯ ҳамзамон вазифаи раиси клуби футболи “Панҷшер”-ро ба уҳда дорад. Бачаҳо сари вақт маош ва мукофотпулӣ мегиранд. Вазифаи мо дар мусобиқаи имсола нигоҳ доштани мавқеамон дар лигаи олӣ мебошад.”
XS
SM
MD
LG