Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон - дар Кувайт


Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар ҳамин ҳол дар Кувайт дар ҷамъомади таълимиву тамринии якҳафтаина, ки дар доираи он ду бозии дӯстона бо бошгоҳҳои футзали ин кишвар дар назар аст, ширкат дорад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Дамир Камолиддинов, ки дар пойтахти Кувайт - шаҳри Ал-Кувайт то рӯзи 19-уми апрел идома меёбад, 13 футболбоз дохиланд. Инҳо - дарвозабонҳо Миралӣ Шарифов ва Муродулло Алиқулов, бозигарон - Беҳрӯз Абдуалимов, Ораз Ализода, Фурқатҷон Аҳмадҷонов, Акбарҷон Ортиқов, Мансур Мамадбобоев, Шаҳром Шодиев, Далер Ҳақназаров, Акбар Муҳаммадов, Алишер Сафаров, Ҳасан Холов ва Дилшод Саломов мебошанд.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи ҷаҳонӣ дар ҷойи 58-ум қарор дорад.Тоҷикистон дар байни тимҳои мунтахаби кишварҳои собиқи шӯравӣ дар ҷойи 9-ум буда, аз Гурҷистон, Литва, Молдова, Туркманистон, Арманистон ва Эстония пеш аст.

Дар феҳристи ҷаҳонӣ мунтахаби Бразилия дар ҷойи аввал, Испания дар ҷойи дувум ва Италия дар ҷойи севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Русия, Португалия, Аргентина, Эрон, Украина, Ҷопон ва Парагвай дохиланд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:59 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG