Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафар Абдулло: «Гулмуродзода одами миллӣ буд»


Тазоҳурот дар Душанбе, таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» ва даргузашти устоди журналистикаи тоҷик Пайванди Гулмуродзода, аз мавзуоти меҳварии нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.

«Такрори гирдиҳамоии солҳои 90 -ум ё ҷони мардум ба лаб омад?»

«Миллат» гирдиҳамои ахир дар Душанберо ба гирдиҳамоии солҳои 90-уми асри гузашта шабеҳ кард. Адолати Мирзо, муаллифи матлаби «Ин бор бонги «азон» - ро кӣ дод?!» ёде аз он гирдиҳамоӣ кард ва навишт, ки «дар гирдиҳамоии ахир дар Душанбе ҳамин гуна аз донишҷӯёни навхат хостанд истифода кунанд, ки дастандаркорон ё коргардонҳои кӯҳнафикри бозмонда дар солҳои 90 сахт иштибоҳ карданд ва шармандагӣ ва обрӯрезиеро ба намоиш гузоштанд. Ба ҳар сурат, муаллиф хулоса мекунад, ки «ин сенариё ҳамон намоишеро ба ёди ман овард, ки 22 соли қабл рух дода буд.»

«Азия плюс» тазоҳуроти назди сафорати Амрико дар Душанберо «митинги бе иҷоза ва бе мантиқ» арзёбӣ кардааст. Нашрия менависад, «чаро ширкаткуннадагони митинг ба сафорати Украина, ки Абдумалик Абдуллоҷоновро раҳо кард, нарафтанду назди сафорати ИМА ҷамъ шуданд, ки мешавад танҳо фолбинӣ кард.» Аммо нашрия менависад, «ҳамакнун дигар аз неруҳо низ метавонанд қасди барпои митингҳои бидуни иҷозаро кунанд.»

«Озодагон» аз баргузории тазоҳурот дар назди сафорати ИМА ва дафтари СММ изҳори тааҷҷуб карда ва матлаберо, ки дар ин робита нашр кардааст, суоли «Ҷони мардум ба лаб омад?» гузоштааст. Ин аст, ки муаллифи матлаб Ҳумайрои Бахтиёр, менависад, «Барои ҷомеае, ки мушкилоти аз ин ҷиддӣ ҷой дошта, садҳо сабаби дигар барои рехтани мардум ба хиёбонҳо вуҷуд дорад, шунидани ин ҳарфҳову дидани чунин ҳамоише барои ҷомеаи Тоҷикистон тааҷҷубовар аст.»

Муаллиф дар поёни матлаб хулоса мекунад, ки «вақте мардум ба хотири манфиати мазҳабӣ, иҷтимоӣ, ҳифзи амнияти худ ва фарзандонаш даст ба эътиироз намезанад, чӣ гуна метавон бовар кард, ки имрӯз гурӯҳе аз шаҳрвандон ба хотири риояи адолат ҷуръати барпо кардани эътироз дар назди сафорати Амрико ва маъмурияти СММ кардаанд. Ҳамчунин барои муаллиф ин ҳам боиси тааҷҷуб будааст, ки «аксари иштирокдорони ин намоиши эътирозӣ ҷавононе буданд, ки ба эҳтимоли зиёд аз кӣ будани Абдуллоҷонов огоҳ нестанд.»

«Тоҷикистони нав» ва эҳтимоли пайдо шудани номзади нав ба мақоми президентӣ»

«Озодагон» аз ҳизби нави «Тоҷикистони нав» ба унвони «ҳизби интелектҳо ва иқтисоддонҳо» ном бурдааст. Аммо нашрия ба нақл аз коршиносон навиштааст, ки «агар ҳизб бе ягон мушкил ба қайд гирифта шавад, пас маълум мешавад, ки ин идомаи ҳамон бозиҳои сиёсии соли 2006 аст, ки пеш аз интихоботи президентӣ ду ҳизби нав ба қайд гирифта шуд. Аммо ин коршиносон мегӯянд, ки «агар ҳизби Зайд Саидов ба қайд гирифта нашуда мушкилот эҷод шавад, пас бо ҷиддияти ин тасмим мешавад бовар кард.»

«Нигоҳ» мусоҳибаеро бо Зайд Саидов, анҷом додааст, ки вай сабаби «таъсиси ин ҳизбро ба «нашунидани ҳарфаш» марбут донистааст. Зеро Саидов гуфтааст, ки «мо мутаассифона дар сатҳи ташкилотҳои ҷамъиятӣ натавонистем таъсири худро ба сиёсатҳо расонем ва ин буд, ки чунин тасмиме гирифтем. Ман вакили шаҳри Душанбе бо пешниҳоди Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон интихоб шудам. Дар қабули қонунҳо пешниҳодоти мо, ки ба хотири ободии ватан ва рушду нумуи иқтисоду соҳибкорӣ мебошад, намегузаранд. Мо мехоҳем ҳизби сиёсӣ бошем, то ба сиёсатҳо таъсир расонида тавонем.»

«Фараж» бо таваҷҷуҳ ба таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» аз нақли коршиносон навишт, ки «таъсиси як ҳизби сиёсӣ аз ҷониби соҳибкори муваффақ шояд такрори таҷрибаи Владимир Путин бошад, ки қабл аз интихоботи президентӣ ҳизби миллиардер Прохоровро ба мақсади тақсим кардани овозҳои рақибони худ таъсис дода буд.»

Бо ин ҳам нашрия таъсиси ин ҳизбро, ки дар раъси он Зайд Сайидов, соҳибкор ва сиёсатмадори муваффақ қарор дорад, падидаи нек дониста ва навишт, ки «то ин дам ба ҷузъ Ҳизби наҳзат ва табиист ҳизби халқӣ — демократӣ, дигарон бинобар бепулӣ наметавонанд ҳатто нашрияеро роҳандозӣ кунанд.»

Зайд Саидов, дар мусоҳибааш бо «Азия плюс» гуфтааст, ки барои ҳизби нави «Тоҷикистони нав» ширкат дар интихоботи президентӣ хеле дер шудааст. Зеро ба таъкиди ҷаноби Саидов, онҳо барои ин кор аз лиҳози қонунӣ ва ҳам ташкилӣ ҳанӯз омода нестанд ва ба ин далел чун ҳизби сиёсӣ ҳоло ин гуна вазифаеро пеши худ намегузоранд.»

«Миллат» дар ин мавзӯъ ҷӯёи посух ба суоли «Тоҷикистони нав» то куҷо мерасад?» шудааст. Хабарнигор Давлати Шоэътибор дар посухи ин суол гуфтааст, ки «аз нигоҳи ман бо он ҳайате, ки ин ҳизб дорад, бехавфтар аз Ҳизби сотсиал-демократ барои ҳукумати Раҳмон аст. Чунин ҳизбҳо ҷавобгӯи ормонҳои мардуми босаводанд, вале қудрати тағйир додани ҳокимиятро надоранд». Аммо таҳлилгар Темур Варқӣ гуфтааст, ки «агар ҳатто ин ҳизби нав эҷоди ҳукумат ҳам бошад, бисёр кори худ аст. Тоҷикистон ба як ҳизби марказгаро ниёз дорад.»

Муҳаққиқи тоҷик Меҳмоншоҳ Шарифо низ бар ин бовар аст, ки «ин ҳизби нав офаридаи системаи мавҷуда нест ва яке аз ҳаракатҳои солимест, ки мисли ҳизбҳои Кабирӣ, Зоиров ва дигар ҳаракатҳо мехоҳанд, воқеияти бӯҳронии Тоҷикистонро дигар кунанд ва раҳбари он ҳам инсони огоҳ ва мустақил аст ва ӯ бозичаи сиёсии дигарон будан наметавонад.»

«Шодравон Гулмуродзода одами миллӣ буд»

«Имруз нюс» Пайванди Гулмуродзодаро бунёдгузори Рӯзи матбуоти тоҷик хонда ва дар матлаби «Бунёдгузори рӯзи матбуоти тоҷик даргузашт», навишт, «ҳосили азму талошҳои беинтиҳои Пайванд Гулмуродзода ва ҳамсафони ӯ буд, ки 11 март, рӯзи чопи шумораи нахустин рӯзномаи «Бухорои тоҷик», Рӯзи матбуоти тоҷик эълон шавад.»

«СССР» аз марҳум Пайванди Гулмуродзода ба унвони «Пайвандгари наслҳои Журналист» ном бурда ва Сайёфи Мизроб, муаллифи матлаб навишт, ки «устод профессианал буданд ва дар 56 соли ҳаёти худ тавонист номи пуршарафи худро дар олами журналистикаи Тоҷик абадан сабт кунад.» Ба навиштаи муаллиф, то олам боқист, дар он шогирдону шогирдони шогирдони Устод кору фаъолият хоҳанд карду адабиёти илмии ӯ раҳнамои журналистикаи тоҷик дар ҳама давру замонҳо боқӣ хоҳад монд!»

«Фараж» ёдномаи Сафар Абдуллоҳ, дӯст ва ҳамсабақи равоншод Пайванди Гулмуродзодаро зери сарлавҳаи «Ғамат марги баҳорамро даровард...» нашр кардааст. Адабиётшинос Сафар Абдулло аз «ҳамкориҳои Гулмуродзода бо устоди фарзонаи фақид Муҳаммадҷон Шакурӣ сипосгузорӣ карда ва ӯро одами миллӣ хонда ва менависад, «таърихи матбуоти тоҷикро хуб омӯхта буд. Бисёре аз мақололеро, ки ҷанбаи миллӣ дошт, баргардон намуда, дар Тоҷикистон ба чоп расонд.»

«Озодагон» ду саҳифаи шумораи навбатиро ба даргузашти донишманди фақид Пайванди Гулмуродзода ихтисос дода ва дар канори «Ғуссанома» -и сардабир Зафари Суфӣ, «Марги соҳибдил» -и шоир Сиёвуш аз Бишкек ва сӯгномаҳои Абдуқодири Рустам ва Наҷми Ковиёнӣ, ду нигоштаи ахири шодравон Пайванди Гулмуродзодаро дар Facebook -ро низ ба чоп расонидааст. Ин нигоштаҳои устоди арҷманд паёмҳои табрикие ҳастанд, ки дар иртибот ба Иди матбуоти тоҷик ва ҷашни Наврӯз рӯи шабакаи иҷтимоӣ барои дӯстону алоқамандон ва тамоми мардуми Тоҷикистон бо як муҳаббату самимият навишта шудаанд.
XS
SM
MD
LG