Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокини Исфара мунтазири ҳукми Додгоҳи Аврупост


France - Hearing, the judges of the European Court of Human Rights (ECHR), Strasbourg, 28Nov2012
France - Hearing, the judges of the European Court of Human Rights (ECHR), Strasbourg, 28Nov2012

Исмон Азимов, ки ба бандитизм муттаҳам мешавад, аз Додгоҳи Ҳуқуқи Башари Аврупо хостааст, нагузорад, ки Русия ӯро ба Тоҷикистон истирдод кунад.

Қарор аст, ҳафтаи оянда Додгоҳи Ҳуқуқи Башари Аврупо роҷеъ ба шикояти як шаҳрванди Тоҷикистон ҳукм содир кунад, ки ӯ давлати Русияро дар нақзи ҳуқуқи худ муттаҳам кардааст. Исмон Азимов аз ноҳияи Исфара, ки ба узвият ба Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон ва бандитизм муттаҳам мешавад, ҳамчунин аз Додгоҳи Ҳуқуқи Башари Аврупо хостааст, нагузорад, ки ӯро Русия ба Тоҷикистон бидиҳад, зеро мумкин аст, дар онҷо азобу шиканҷа шавад.


Дар баёнияи Додгоҳи Ҳуқуқи Башари Аврупо, ки дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст, гуфта мешавад, қарор аст, ҳукм дар бораи шикояти Исмон Азимов аз амалкардҳои давлати Русия рӯзи панҷшанбе 18 апрел эълом шавад. Исмон Азимов, сокини 33-солаи шаҳраки Мулдон, ки худро узви “Ватандор” созмони мухолифи давлати Тоҷикистон муаррифӣ мекунад, дар шикояташ гуфтааст, азбаски дар боздоштгоҳ аст, ҳеҷ василаи қонуние надорад, ки дар додгоҳ бегуноҳии худро собит кунад. Дигар ин ки ӯ ҳаққи озодиву амният дорад ва Русия наметавонад, ӯро бе ҳукми додгоҳ ва бегуноҳ ба муддати тӯлонӣ дар боздоштгоҳ нигаҳ дорад.


Исмон Азимов мегӯяд, ки бегуноҳ аст.
Исмон Азимов мегӯяд, ки бегуноҳ аст.
Исмон Азимовро, ки исмашро дар феҳрасти афроди мавриди ҷустӯҷу дар Интерпол низ пайдо кардем, мақомоти Тоҷикистон аз тарроҳони ҳамлаи хунин ба қароргоҳи идораи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи вилояти Суғд медонанд, ки моҳи марти соли 2010 ба вуқӯъ пайваст ва 4 нафарро куштаву тақрибан 30 нафари дигарро захмӣ кард. Дар торнамои Интерпол, иттиҳомот алайҳи ӯ, бандитизм ва ҳифзи ғайриқронунии силоҳ гуфта шудааст. Вале Исмон Азимов, ки аз соли 2002 аксаран дар Русия кору иқомат карда, вале пайваста ба Тоҷикистон рафта бармегаштааст, худро бегуноҳ медонад.

Мақомоти интизомӣ дар гузашта гуфта буданд, ки Исмон Азимов, раҳбари ҳалқаи Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон аст ва дар Русия ҳамла ба қароргоҳи раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта дар Хуҷандро тарҳрезӣ кардааст. Бар асоси санадҳои расмӣ, мақомоти Тоҷикистон соли 2010 аз Русия хостанд, ки Азимовро боздошт карда ва ба Тоҷикистон бисупоранд. Исмон Азимовро дар ҳамон сол бо иттиҳоми нақзи муқаррароти иқомат боздошт карданд ва амр доданд, ки ба Тоҷикистон ронда шавад. Баъдан ду ҳукми дигар дар бораи истирдоди ӯ ба Тоҷикистон содир шуд ва дархости паноҳандагии ӯ дар Русия ҳам рад карданд ва додгоҳ Маскав низ амри додситониро бетағйир гузошт.


Дар ин муддат вакилони дифоъи Исмон Азимов аз созмони ҳомии ҳуқуқи Пажӯҳишгоҳи Ҳуқуқи Инсон дар Русия ба Додгоҳи Ҳуқуқи Башари Аврупо шикоят бурданд ва аз ин рӯ бар асоси муқаррарот то замони баррасии парванда дар ин додгоҳ Русия ҳақ надорад, Исмон Азимовро ба Тоҷикистон истирдод кунад. Елена Рябина, аз Пажӯҳишгоҳи Ҳуқуқи Инсон дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо умедворанд, ки ҳукм ба нафъи онҳо хоҳад буд ва Исмон Азимовро ба Тоҷикистон истирдод нахоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG