Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қатар дар риштаи футбол


Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, бо Ҳамад Бин Халифа Аc-Cонӣ, раиси Созмони футболи Қатар, ки бо сафари корӣ ба Душанбе омадааст, мулоқот кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҷараёни ин мулоқот ҷонибҳо бисёр масъалаҳоеро, ки ба рушди футбол дар Тоҷикистон ва Қатар бастагӣ доранд, баррасӣ намуданд. Созмони футболи Қатар барои расондани кӯмаки техникӣ ба соҳаҳои мухталиф ҷиҳати рушди футбол изҳори омодагӣ кард.

Ҷонибҳо ба масъалаҳои футболи кӯдакону наврасон, омузиши мураббиёни дараҷаашон мухталиф, баланд бардоштани малакаи касбии доварон, гузаронидани бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои футболи ҳарду кишвар таваҷҷӯҳ карданд.

Дар охири мулоқот Рустами Эмомалӣ ба роҳбари Созмони футболи Қатар Ҳамад Бин Халифа Ас-Сонӣ нишони хотиравии Федератсияи футболи Тоҷикистонро тӯҳфа намуд.
XS
SM
MD
LG