Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти “Регар” аз “Кувайт” бо ҳисоби бузурги 0:5


Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар даври чоруми мусобиқаи интихобии Ҷоми AFC-2013 аз тими мизбон - «Кувайт»-и Кувайт бо ҳисоби бузурги 0:5 шикаст хӯрд.

Ин бозии гурӯҳи “А” 10-уми апрел дар варзишгоҳи пойтахти Кувайт бо ҳузури 300 тамошогар баргузор шуд. Ҳамаи панҷ гол дар нимаи дувуми бозӣ зада шуд.

Ҳисобро дар дақиқаи 57-ум бозигари кувайтиҳо Иссом Ҷумъа боз кард. Вай дар дақиқаи 70-ум голи дувумро ба ҳадаф расонд. Голи севумро Роҷерио Де Силва дар дақиқаи 75-ум зад. Ҳодӣ Хамис дар дақиқаи 80-ум голи чорумро вориди дарвозаи меҳмонон кард. Голи панҷумро Чадӣ Ҳамомӣ дар дақиқаи 82-юм самар расонд.

Дар бозии дигари даври чорум дар гурӯҳи “А” дастаи “Ал-Риффа”-и Баҳрайн дар майдони худ бар тими “Сафо”-и Лубнон бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.

Ҳоло дар гурӯҳи “А” дастаи “Кувайт” бо 12 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Тими “Ал-Риффа” бо 6 имтиёз дар ҷойи дувум ва дастаи “Сафо” бо 4 имтиёз дар ҷойи севум мебошанд. Дастаи “Регар-ТадАЗ” бо як имтиёз (таносуби тӯбҳояш – 2-12) дар ҷойи охирин – 4-ум қарор дорад.

Дастаи “Регар-ТадАЗ” бозии даври панҷумро 24-уми апрел дар шаҳри Хуҷанд бо тими “Сафо”-и Лубнон анҷом медиҳад.
XS
SM
MD
LG