Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консули Эрон иҷозаи мулоқот бо маҳбуси беморро дарёфт накард


Масъулини Раёсати маҳбасҳо ба консули Эрон дар Тоҷикистон иҷозаи аёдати як маҳбуси бистарӣ дар беморхонаи ин ниҳод воқеъ дар ноҳияи Ваҳдатро надодаанд.

Консули Эрон дар Тоҷикистон Ҳодӣ Ризоӣ мегӯяд, барои аёдати маҳбус Акбари Асғарзода - шаҳрванди Эрон, ки аз як як ҳафта ба ин тараф дар беморхонаи Раёсати маҳбасҳо воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат (Кирпичний) бистарӣ мебошад, рафта буд, аммо масъулони беморхона ӯро иҷозаи вуруд надоданд.

Ҳодӣ Ризоӣ рӯзи 10-уми апрел ба «Озодӣ» гуфт, ки рӯзи душанбеи 8-уми апрел ба беморхонаи Раёсати маҳбасҳо барои аёдати шаҳрванди Эрон Акбари Асғарзода рафта буд, аммо масъулони ин беморхона ба далели ин, ки ин беморхонаи як ниҳоди низомӣ ба шумор меравад, ӯро иҷоза надодаанд, ки бо маҳбус мулоқот кунад. Консули Эрон мехостааст, ки аз аҳволи маҳбус бохабар шуда, барои ӯ як миқдор либос ва хӯрокворӣ тақдим намояд.

Аммо Одинашо Муродов, сухангӯи Раёсати маҳбасҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ки низоми аёдати маҳбусҳои беморхона монанд ба тартиби маҳбасҳои маъмулӣ аст. Вай меафзояд, ки азбаски консули Эрон намояндаи расмии кишвари Эрон аст, мебоист ба Раёсати ислоҳи маҳбасҳо барои мулоқот бо маҳбус нома ирсол медошт ва ин ниҳод вақту муҳлати онро мушаххас менамуд.

Ба қавли Одинашо Муродов, ҷаноби Ризоӣ бидуни огоҳӣ, мустақиман ба онҷо рафтааст, ки масъулони маҳбас аз пеши худ ҳуқуқи додани иҷозаи вуруди нафаре ба беморхонаи маҳбасро надоранд.

Акбари Асғарзода-маҳбуси эронӣ дар зиндони рақами 7-и шаҳри Душанбе, дар моҳи гузашта ба гуруснанишинӣ даст зада буд ва бо бад шудани аҳволаш ӯро ба беморхонаи маҳбасҳо воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат интиқол доданд. Вай бо ин гуруснанишинӣ хостааст, ки ба парвандааш бозбинӣ сурат бигирад. Вай гуфтааст, то замоне, ки парвандааш бозбинӣ нашавад, аз гуруснанишинӣ даст намекашад.

Акбари Асғарзода беш аз як сол аст, ки дар зиндони рақами № 7-и шаҳри Душанбе зиндонист. Ӯ соли гузашта ба иттиҳоми "тамаъҷӯӣ" дар фаъолияти тиҷоратиаш ба ҳашт соли зиндон маҳкум шуд.

Оқои Асғарзода рӯзи 13-уми март дар суҳбат ба Озодӣ гуфта буд, ки вазъи саломатиаш ниҳоят бад шуда ва аз даҳону биниаш хун меравад. Ба гуфтаи вай, вазни баданаш то 45 кило кам шуда, аз 104 килограм ба 60 расидааст.
XS
SM
MD
LG