Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми AFC: 9 апрел - “Равшан”- “Ал Қудсия”, 10 апрел - “Регар” - “Кувайт”


Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар даври чоруми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) рӯзи сешанбе, 9-уми апрел, дар шаҳри Хуҷанд бо тими “Ал Қудсия”-и Кувайт рақобат мекунад.

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар даври чоруми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) рӯзи сешанбе, 9-уми апрел, дар шаҳри Хуҷанд бо тими “Ал Қудсия”-и Кувайт рақобат мекунад.

Ин бозии гурӯҳи “D” миёни дастаи «Равшан», қаҳрамони феълии Тоҷикистон ва тими “Ал Қудсия”, қаҳрамони 15-каратаи Кувайт, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» соати 15 шурӯъ мешавад.

Бозии дигари даври чорум дар гурӯҳи “D” миёни дастаи мизбон - “Ал Рамза”-и Урдун бо тими “Ал Шорта”-и Сурия барпо мегардад.

Ёдовар мешавем, дастаи “Равшан” дар бозии даври севуми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC дар гурӯҳи “D” 3-юми апрел дар варзишгоҳи Муҳаммад Ал Ҳамади пойтахти Кувайт аз тими “Ал Қудсия» бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрда буд. Ду голи мизбононро ҳамлагар Бадер Ал Мутва дар дақиқаҳои 26-ум ва 88-ум ба ҳадаф расонд. Як голи дигарро ҳимоятгар Одил Эргашев, капитани «Равшан», дар дақиқаи 68-ум ба дарвозаи дастааш зад.


лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00
Линки мустақим



Баъди се даври мусобиқа дар гурӯҳи “D” тими “Ал Қудсия” бо 6 имтиёз пешсаф аст. Дастаҳои “Ал Шорта” ва “Ал Рамза” низ 6-имтиёзӣ ба даст овардаанд ва мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум ҷойгир шудаанд. Дастаи “Равшан” бидуни холу гол дар зинаи охирин - чорум қарор дорад.


Намояндаи дигари Тоҷикистон - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, қаҳрамони 7-каратаи Тоҷикистон, бошад, бозии даври чорумро дар гурӯҳи “А” рӯзи чоршанбе, 10-уми апрел, дар сафар бо тими “Кувайт”-и Кувайт, барандаи феълии Ҷоми AFC, анҷом медиҳад. Дар бозии дигари ин гурӯҳ дастаи “Ал-Риффа”-и Баҳрайн“ дар майдони худ бо тими “Сафо”-и Лубнон рақобат мекунад.

Дастаи «Регар-ТадАЗ» дар даври севуми мусобиқа дар гурӯҳи “А” 2-юми апрел дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», аз тими меҳмон - «Кувайт» бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда буд. Дар ин бозӣ ҳисобро дар дақиқаи 17-ум бозигари кувайтиҳо Иссом Ҷумъа боз кард. Вай дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 58-ум, голи дувумро ба ҳадаф расонд. Голи севумро Роҷерио Де Силва дар дақиқаи 65-ум зад. Як голи “Регар-ТадАЗ”-ро Фирӯз Раҳматов дар замони изофӣ ба самар расонд.

Дар ҳамин ҳол дар гурӯҳи “А” дастаи “Кувайт” бо 9 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Тими “Сафо” бо 4 имтиёз дар ҷойи дувум ва дастаи “Ал-Риффа” бо 3 имтиёз дар ҷойи севум мебошанд. Дастаи “Регар-ТадАЗ” бо як имтиёз дар ҷойи охирин – 4-ум қарор дорад.
XS
SM
MD
LG