Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри таҳқиқоте, ки мансабдорони зиёдеро шармсор мекунад


Як таҳқиқи хабарнигорӣ, номи 130 ҳазор нафар аз 170 кишвари дунёро ошкор кардааст, ки пулҳои худро дар минтақаҳои офшорӣ нигаҳ медоранд. Консорсиуми Байналмилалии Журналистикаи Таҳқиқотӣ, ки дар Вашингтон қароргоҳ ва дар бештар аз 60 кишвари дунё хабарнигор дорад, иттилоот дар бораи ин ҳисобҳоро нашр кард. Аз ҷумла маълум кардаанд, ки ҳамсари Игор Шувалов, муовини нахуствазири Русия ва ҳамсару духтари Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон дар минтақаҳои офшорӣ ҳисоби пинҳонӣ доштаанд. Созмони мазкур мегӯяд, бештар аз 2 миллиону 500 ҳазор санадҳои махфии ошкоршуда нишон медиҳад, ки чӣ гуна афроди сарватманд пулҳои худро дар минтақаҳои офшорӣ пинҳон мекунанд.
XS
SM
MD
LG