Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми AFC-2013: Бохти «Регар” ба “Кувайт” бо ҳисоби 1:3


Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар даври севуми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC- Конфедератсияи футболи Осиё аз тими «Кувайт»-и Кувайт бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

Ин бозии гурӯҳи “А” рӯзи 2-юми апрел дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо ҳузури 8000 тамошогар баргузор шуд.

Ҳисобро дар дақиқаи 17-ум бозигари кувайтиҳо Иссом Ҷумъа боз кард. Вай дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 58-ум голи дувумро ба ҳадаф расонд. Голи севумро Роҷерио Де Силва дар дақиқаи 65-ум зад. Як голи “Регар-ТадАЗ”-ро Фирӯз Раҳматов дар замони изофӣ (90+4) ба самар расонд.

Дар ҳамин ҳол дар гурӯҳи “А” дастаи “Кувайт” бо 9 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Тими “Ал-Риффа”-и Баҳрайн бо 3 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Дастаҳои “Сафо”-и Лубнон ва “Регар-ТадАЗ” якимтиёзӣ ба даст овардаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо “Сафо” дар ҷойи севум ва “Регар-ТадАЗ” дар ҷойи охирин – 4-ум қарор доранд.

Бозии дигари даври севум дар гурӯҳи “А” 2-юми апрел миёни дастаҳои “Сафо”-и Лубнон ва “Ал-Риффа”-и Баҳрайн барпо мегардад.

Намояндаи дигари Тоҷикистон - дастаи “Равшан”-и Кӯлоб рӯзи чоршанбеи 3-юми апрел бозии даври севуми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиёро дар сафар бо тими “Ал Қудсия”-и Кувайт анҷом медиҳад.

Ин бозии гурӯҳи “D” дар варзишгоҳи Муҳаммад Ал Ҳамади пойтахти Кувайт баргузор мешавад. Бозии дигари даври севум дар ин гурӯҳ 3-юми апрел миёни дастаҳои “Ал-Шорта”-и Сурия ва “Ал-Рамза”-и Урдун барпо мегардад.

Баъди ду даври мусобиқа дар гурӯҳи “D” тими “Ал-Шорта” бо 6 имтиёз пешсаф аст. Дастаҳои “Ал-Қудсия” ва “Ал-Рамза” бо 3-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум ҷойгир шудаанд. Дастаи “Равшан” бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG