Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон номзад ба президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон


Рӯзи чоршанбеи 3-юми апрел дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳисоботию интихоботии Ассамблеяи XIII кулли Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМО ҶТ) барпо мегардад.

Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҷаласа фаъолияти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2009-2012 баррасӣ шуда, раёсати нави КМО ҶТ барои чаҳор соли оянда интихоб мешавад.

Ҷаноби Раҷабалиев афзуд: “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии кишвар, ки рӯзи 15-уми марти соли 2013 дар шаҳри Душанбе, дар қароргоҳи ин кумита доир шуд, номзад ба президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид. Номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба ин вазифа аъзои Ассамблеяи Кумитаи миллии олимпии кишвар пешбарӣ карданд ва ӯ ягона номзад мебошад. Бар асоси Оинномаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон президенти КМО барои чаҳор сол (2013-2016) дар ҷаласаи ҳисоботию интихоботии Ассамблеяи XIII кулли КМО ҶТ интихоб мешавад.”

Бояд тазаккур дод, Эмомалӣ Раҳмон, ки аз 16-уми феврали соли 2009 вазифаи президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад, дубора ба ин вазифа пешбарӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG