Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми AFC: “Регар” - “Кувайт” дар Хуҷанд ва “Ал-Қудсия” - “Равшан” дар Кувайт


Дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар даври севуми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC - Конфедератсияи футболи Осиё-2013 ширкат меварзанд.

Дастаи «Регар-ТадАЗ» бозии даври севумро дар гурӯҳи “А” рӯзи сешанбе, 2-юми апрел, дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо тими «Кувайт»-и Кувайт анҷом медиҳад. Ин бозӣ соати 15 шурӯъ мешавад.

Бозии дигари даври севум дар ин гурӯҳ 2-юми апрел миёни дастаҳои “Сафо”-и Лубнон ва “Ал-Рафоъ”-и Баҳрайн барпо мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи «Регар-ТадАЗ» бозии аввалашро дар мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дар сафар бо тими «Сафо»-и Лубнон бо ҳисоби 1:1 анҷом дод ва дар даври дувум дар шаҳри Хуҷанд аз тими «Ал-Рафоъ»-и Баҳрайн бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Баъди ду даври мусобиқа дар гурӯҳи “А” дастаи “Кувайт” бо 6 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Тими “Ал-Рафоъ” бо 3 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Дастаҳои “Сафо” ва “Регар-ТадАЗ” якимтиёзӣ ба даст овардаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо “Сафо” дар ҷойи севум ва “Регар-ТадАЗ” дар ҷойи охирин – 4-ум қарор доранд.

Дастаи «Равшан» бошад, бозии даври севумро дар гурӯҳи “D” рӯзи 3-юми апрел дар сафар бо тими “Ал-Қудсия”-и Кувайт анҷом медиҳад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи Муҳаммад Ал-Ҳамади пойтахти Кувайт соати 18:30 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.

Бозии дигари даври севум дар ин гурӯҳ 3-юми апрел миёни дастаҳои “Ал-Шурта”-и Сурия ва “Ал-Рамза”-и Урдун баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи «Равшан”дар нахустин бозиаш дар шаҳри Хуҷанд аз тими “Ал-Рамза”-и Урдун бо ҳисоби 0:1 ва дар бозии дувумаш дар сафар аз тими “Ал-Шурта”-и Сурия бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуда буд.

Баъди ду даври мусобиқа дар гурӯҳи “D” тими “Ал-Шурта” бо 6 имтиёз пешсаф аст. Дастаҳои “Ал-Қудсия” ва “Ал-Рамза” бо 3-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум ҷойгир шудаанд. Дастаи “Равшан” бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.
XS
SM
MD
LG