Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акмалиддин Каримов 3 ҳазор доллар ҷоиза гирифт


Акмалиддин Каримов,паҳлавони тоҷик.
Акмалиддин Каримов,паҳлавони тоҷик.

Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик, барои дастовардҳои бузургаш дар риштаи самбо аз ҷониби Федератсияи байналмилалии самбо бо мукофотпулӣ ба маблағи 3 ҳазор доллари амрикоӣ сарфароз шуд.

Мукофоти молиро ба Акмалиддин Каримов дар маҷлисгоҳи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон раиси ин кумита Маликшо Неъматов тақдим кард.

Акмалиддин Каримов дар суҳбат бо радиои Озодӣ чунин гуфт:
«Соли 2012 барои ман соли хеле пурбарор буд. Дар чаҳор марҳилаи Ҷоми ҷаҳонии самбо, мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё дар вазни то 57 килограмм иштирок кардам. Дар як марҳилаи Ҷоми ҷаҳон дар Маскав, ки барои дарёфти ҷоизаи паҳлавони маъруф, генерал Асламбек Аслаханов буд, ғолиб шудам. Ҳамчунин дар ду марҳилаи дигар дар Қазоқистон ва пойтахти Русия сазовори ҷойҳои дуюм гаштам. Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар пойтахти Беларус – Минск ҷои дуюмро гирифтам. Инчунин дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё ғолиб шудам. Ман фикр мекунам, ки инҳо барои ман дастовардҳои бузурганд. Орзуи ман, албатта, қаҳрамони ҷаҳон миёни бузургсолон шудан аст.»

Аз маълумотномаи «Озодӣ»: Акмалиддин Каримов 5-уми январи соли 1990 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Аз синни дувоздаҳсолагӣ ба самбо таҳти роҳбарии устодаш Маҳмадшариф Сулаймонов машғул аст. Дар шаҳри Душанбе, дар толори мактаби маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштӣ тамрин мекунад. Зиёда аз сӣ медал ба даст овардааст. Соли 2011-ум Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимовро хатм намуда, як сол дар Бошгоҳи марказии варзишии артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хидмат кардааст. Қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон, қаҳрамони Осиё, қаҳрамони ҷаҳон миёни наврасону ҷавонон, барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон мебошад.
XS
SM
MD
LG