Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД барои иттилоъ дар мавриди кӯдакони гумшуда мукофоти пулӣ ваъда кард


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои иттилои дақиқ дар мавриди пайдо кардани ду кӯдаки гумшуда - Сабина ва Малика Араловаҳо мукофоти пулӣ ваъда кардааст.

Сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон менависад, «барои пешкаш намудани маълумот доир ба пайдо намудани кӯдакони гумшуда аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ мукофоти калони пулӣ таъин гардида аст ва ҳар нафаре, ки вобаста ба пайдо намудани ноболиғони мазкур хабари дақиқ пешниҳод менамояд, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ қадршиносӣ хоҳад шуд.»

ВКД аз ҳамаи шаҳрвандоне, ки нисбати ноболиғони гумшуда - Маликаву Сабина ягон иттилое доранд ва ё онҳоро дар ҷое дидаанд, дархост кардааст, тавассути «Телефони боварӣ»-и вазири корҳои дохилӣ 221-21-21 ё бо телефонҳои 223-23-31, 227-98-98, 221-08-30, 227- 00-57 ва ё бо таври хаттӣ ба вазорат ё шуъбаҳои он дар ноҳияҳо хабар диҳанд.

Ин дар ҳолест, ки Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 29-уми март ба радиои «Озодӣ» гуфт, бар асоси фармони Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилӣ, ки дар нимаи дувуми рӯзи панҷшанбе содир шуд, гурӯҳи махсуси ҷустуҷӯӣ ташкил гардид ва он аллакай дар нуқтаҳои мухталифи шаҳр ва атрофи пойтахт ҷустуҷӯи Сабина ва Малика Араловаҳоро, ки дар таърихи 25-уми марти соли равон гум шудаанд, оғоз кардааст.

Ба таъкиди сухангӯи ВКД, гурӯҳи мазкур аз ҳисоби кормандони ботаҷриба ва мутахассисони варзидаи соҳа созмон ёфта, ҳама фарзияҳо оид ба гум шудани ноболиғон Малика ва Сабинаро мавриди санҷиш ва тафтиши ҷиддӣ қарор медиҳад ва тамоми чораҳои дахлдорро барои дарёфти онҳо меандешад.
XS
SM
MD
LG