Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6-уми апрел – оғози мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон


Дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръакашии мусобиқаи қаҳрамонии кишвар миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи имсола 11 даста дар ду давра рақобат мекунанд. Инҳо дастаҳои «Равшан» (Кӯлоб), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Истиқлол» (Душанбе), «Хайр» (Ваҳдат), «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров), «Вахш» (Қӯрғонтеппа), ССКА «Помир» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Истаравшан» (Истаравшан), «Энергетик» (Душанбе) ва «Панҷшер» (Ҷалолиддини Румӣ), ғолиби мусобиқаи порсолаи лигаи якум, мебошанд.

Вале дастаҳои «Ҳосилот» (Фархор), «Гвардия» (Душанбе) ва «Зарафшон» (Панҷакент) аз ширкат дар мусобиқаи имсола даст кашиданд.

Бозиҳои даври аввали мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон рӯзи шанбеи оянда, 6-уми апрел, баргузор мешаванд.


Лигаи олӣ. Даври 1-ум

6-уми апрел (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16.00
1. «Истиқлол» - «Вахш». Душанбе. Варзишгоҳи «Авиатор».
2. «Хайр» - «Панҷшер». Ваҳдат. Варзишгоҳи «Хайр».
3. «Регар-ТадАЗ» - «Хуҷанд». Турсунзода. Варзишгоҳи «Металлург».
4. «Парвоз» - ССКА «Помир». Б. Ғафуров. Варзишгоҳи «Фурудгоҳ».

7-уми апрел (якшанбе)
1. «Энергетик» - «Истаравшан». Душанбе. Варзишгоҳи «Авиатор».

Дастаи «Равшан», қаҳрамони феълии Тоҷикистон, ки бозии даври севумро дар мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC - Конфедератсияи футболи Осиё-2013 рӯзи 3-юми апрел дар сафар бо тими “Ал-Қодсия”-и Кувайт анҷом медиҳад, аз бозии даври аввали мусобиқаи лигаи олии Тоҷикистон озод аст.
XS
SM
MD
LG