Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД овозаҳои ёфт шудани ҷасади Малика ва Сабинаро рад кард


Аз Малика ва Сабина ҳанӯз хабаре нест.
Аз Малика ва Сабина ҳанӯз хабаре нест.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон овозаҳо дар бораи пайдо шудани ҷасади кӯдакони гумшуда – Сабина ва Малика Араловаҳоро рад кард.

Ин дар ҳолест, ки давоми ду рӯзи ахир миёни сокинони пойтахт роҷеъ ба ин ҳодиса сару садоҳое паҳн шудааст, ки гӯё ҷасадҳои ин ду кӯдакро пайдо кардаанд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин овозаҳо, ки гӯё узви бадани онҳоро гирифта, сипас бақияи ҷасадашонро ба кӯча партофтаанд, бепоя ва дурӯғ мебошанд. Вай афзуд, то ба имрӯз дар ҳудуди Тоҷикистон ҳодисаи гирифтани дилу гурда ё ягон узви дигари инсон рух надодааст.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ аз ҷомиаи Тоҷикистон даъват кард, ки ба ин гуна овозаҳо дода нашаванд ва ҳамкории худро аз мақомот дареғ надоранд.

Сабина ва Малика Араловаҳо дар таърихи 25-уми март аз ҳавлии хонаашон дар Душанбе гум шуданд ва бо гузашати ҳафт рӯз, то кунун аз онҳо хабаре дар даст нест.

Муҳаммадулло Асадуллоев ҳамчунин иттилои расонаҳо дар бораи афзоиши мавориди гум шудани духтарон ва ноболиғонро рад карда гуфт, ба шумули Сабина ва Малика боз панҷ нафари дигар ҳоло дар ҷустуҷӯ мебошанд.
Расонаҳои дохилии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта аз афзоиши гум шудани ҳудуди 50 духтар ва ноболиғ тайи як соли ахир иттилоъ пахш карда буданд.

Ба гуфтаи сухангӯи вазорати умури дохилӣ, дар робита ба ҳодисаи гум шудани ноболиғон Малика ва Сабина, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов фармон додааст, ки гурӯҳи махсуси ҷустуҷӯӣ таъсис дода шавад.

Бар асоси фармони Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилӣ, ки дар нимаи дувуми рӯзи панҷшанбе содир шуд, гурӯҳи махсуси ҷустуҷӯӣ таъсис дода шуд ва он аллакай дар нуқтаҳои мухталифи шаҳр ва атрофи пойтахт ҷустуҷӯи Сабина ва Малика Араловаҳоро, ки дар таърихи 25-уми марти соли равон гум шудаанд, оғоз кардааст.

Ба таъкиди сухангӯи ВКД, гурӯҳи мазкур аз ҳисоби кормандони ботаҷриба ва мутахассисони варзидаи соҳа созмон ёфта, ҳама фарзияҳо оид ба гум шудани ноболиғон Малика ва Сабинаро мавриди санҷиш ва тафтиши ҷиддӣ қарор медиҳад ва тамоми чораҳои дахлдорро барои дарёфти онҳо меандешад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамчунин барои иттилои дақиқ дар мавриди пайдо кардани ду кӯдаки гумшуда - Сабина ва Малика Араловаҳо мукофоти пулӣ ваъда кардааст.

Дар ҷустуҷӯи Малика ва Сабина
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00
XS
SM
MD
LG