Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи “Истиқлол” ба Кувайт сафар кард


Дастаи "Истиқлол" дар Кувайт.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, марҳилаи севуми омодагиро ба мавсими нави футбол дар Кувайт анҷом медиҳад.

Ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи футболи “Истиқлол” футболбозони Душанбе имрӯз, 26-уми март, дар пойтахти Кувайт – Ал-Кувайт ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шуруъ намуданд, ки он то рӯзи 31-уми март идома хоҳад кард.

Дар ин давра, дар ҷараёни омодагӣ ба мавсими нави футбол, ҳамчунин, ду бозии санҷишӣ бо бошгоҳҳои маҳаллии ин кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Рӯзи чоршанбе, 27-уми март, дастаи «Истиқлол» бо тими «Ал-Қодсия», қаҳрамони 15-каратаи Кувайт, ки дар мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми АФК рақиби дастаи «Равшан»-и Кӯлоб мебошад, бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Рақиби дувуми «Истиқлол» баъдтар муайян хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG