Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Никола Кавазович: «Ман гунаҳкор нестам, вале ...»


Никола Кавазович - сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон
Никола Кавазович - сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон

Никола Кавазович, сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, баъди бохт дар бозии охирини мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати АФК-2014 ба мунтахаби Қирғизистон дар нишасти матбуотӣ гуфтааст, ки барои ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ наёфтан гунаҳкор нест, вале масъулиятро ҳис мекунад ва хиҷолат мекашад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати AFC-2014 рӯзи 21-уми март дар Бишкек аз мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ маҳрум гашт. Голи ягонаро Девид Тетте дар дақиқаи 41-ум ба ҳадаф расонд.

Никола Кавазович дар ин нишаст ба хабарнигорон чунин иброз доштааст: «Албатта, бисёр аламовар аст, вақте ки аз роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ маҳрум мешавӣ. Мехоҳам дастаи мунтахаби Қирғизистонро барои ба давраи ниҳоӣ роҳ ёфтан табрик гӯям. Мехоҳам, инчунин, ба ҳар як узви ситоди мураббиён ва ба ҳар як бозигари дастаи худ изҳори сипос намоям. Ба онҳо ягон эътироз надорам, онҳо кӯшиш карданд, ки ҳамаи кори аз дасташон меомадаро ба ҷо оранд. Ба мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати АФК мо ҳамагӣ 10 рӯз омодагӣ дидем. Нисбат ба дигар дастаҳо мо хеле кам дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ будем. Вале аҳсан ба бозигарони мо, ман аз онҳо мефахрам. Дар мо масъалаҳои ҳалталаби дохили даста буданд, вале бачаҳои мо қувват пайдо намуда, сазовор бозӣ карданд. Ба назарам, мо дар ин ҷо футболи хуб, замонавӣ ва бо сифати баланди техникӣ намоиш додем. Вале имрӯз, вақте ки мо бояд бозиро мусовӣ мекардем ва ё пирӯз мешудем, дар нимаи аввал танҳо як даста – мунтахаби Қирғизистон бозӣ кард. Баъди танаффус дар майдон дастаи дигар – мунтахаби Тоҷикистон бозии хуб нишон дод. Мизбонон дар нимаи аввал ҳамагӣ як шанс доштанд ва онро истифода карданд. Мо бошем, дар нимаи дувум 6-7 лаҳзаи хуб доштем, вале, мутаассифона, гол зада натавонистем. Фикр мекунам, агар ман ҳатто бо туфлӣ бозӣ мекардам, дар яке аз ин лаҳзаҳо, гол мезадам, вале фаъолияти ман ҳамчун футболбоз ба анҷом расидааст. Имрӯз дар ҷараёни бозӣ мо се бор нақшаро иваз кардем. Бо нақшаи 4-3-3 шурӯъ намудем, баъдан ба нақшаи 4-1-3-2 гузаштем ва бозиро бо нақшаи 3-4-3 анҷом додем. Даста 90 дар сади дастурро иҷро кард. Дар Бишкек мунтахаби Тоҷикистон 50 дар сади имкониятхои худро нишон дод. Ман гуфтанӣ нестам, ки мо хоҳиши 50 дар сад бозӣ кардан доштем, хоҳиши мо 150 фисад буд, вале мо ҳамаи имкониятҳои худро истифода накардем. Дастаи Тоҷикистон имконияти бузург дорад. Ман ба даста дар оянда барори кор мехоҳам ва умедворам, ки ба ҳайси мухлис аз муваффақиятҳояш хурсанд мешавам. Шартномаи ман ба ҳайси сармураббии дастаи мунтахабаи Тоҷикистон бо Федератсияи футболи кишвар рӯзи 1-уми апрел қатъ меёбад. Бинобар ин, фикр мекунам, ки кори ман дар ин ҷо ба анҷом расид.»

Футболбозону мураббиёни тими миллии Тоҷикистон дар чорабинии наврӯзии Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон
Футболбозону мураббиёни тими миллии Тоҷикистон дар чорабинии наврӯзии Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон
Дар ҷараёни нишаст Кавазович ба саволҳои хабарнигорон посух дод.

- Шумо гуфтед, ки дар даста масоили ҳалталаб буд. Наметавонед равшанӣ андозед, чӣ гуна масъалаҳо буданд?

- Албатта, наметавонам. Ин сири махфии дастаи мост, сири байни бозигарон ва ситоди мураббиён. Ҳатто роҳбарияти ФФТ дар ин бора намедонад. Ин кори дохилии дастаи мост.

- Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои аввалин бор дар таърихи худ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати АФК баромада натавонист. Оё Шумо инро фалокат намеҳисобед?

- Фалокат? Не! Фалокат аз рӯи фаҳмиши ман ин ҷанг, одамкушӣ мебошад. Аз ҳамаи он чизе, ки рух дод, ман, росташро гӯям, худро гунаҳкор намеҳисобам. Масъулият, бале, ҳисси шарму нанг доштанро ҳис мекунам. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 2006-ум дар Ҷоми даъвати АФК торафт бадтар бозӣ мекунад. Ва ин натиҷаи бадтарини даста дар таърихи мунтахаби Тоҷикистон аст.

- Иштибоҳи бузурги Шумо дар бозии имрӯза чӣ буд?

- Саволи мушкил. Чунин меҳисобам, ки ман ягон хато накардаам.

Рӯзи 22-юми март дар Бишкек, дар Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз зиёфате ороста шуд, ки дар он, инчунин, аъзои дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ширкат доштанд.

Олим Раҳимов, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон, футболбозону мураббиёни тими миллии Тоҷикистонро бо Наврӯз табрик намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаашон муваффақият орзу кард.
XS
SM
MD
LG