Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати маориф аз 503 нафар хостааст, пули таҳсилро баргардонанд


Соли гузашта 5775 нафар бо роҳхати вазорати маориф дар мактаб ва муассисаҳои таълимии дигар ба кор шурӯъ кардаанд.
Соли гузашта 5775 нафар бо роҳхати вазорати маориф дар мактаб ва муассисаҳои таълимии дигар ба кор шурӯъ кардаанд.

Соли гузашта 51 нафар ҷавони тоҷик, ки бо вуҷуди роҳхат, ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд, пули таҳсилро ба давлат баргардондаанд.

Вазорати маорифи Тоҷикистон соли гузашта 503 нафарро, ки донишгоҳ ва ё омӯзишгоҳеро аз ҳисоби давлат хатм карда, вале ба ҷойи кори тавсияшуда ҳозир нашудаанд хостааст, ки пули таҳсилро баргардонанд. Дар посухи расмие, ки дафтари матбуоти вазорати маориф рӯзи сешанбе дар ин замина ба Радиои Озодӣ фиристод, омадааст, аз ин миён 51 нафар бо амри додгоҳ 189 727 ҳазор сомониро ба буҷаи давлат баргардониданд. Бештар аз 400 аризаҳои даъвоӣ, ки муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ нисбат ба хатмкунандагони ба истилоҳ “саркаш” ба додгоҳҳои кишвар фиристодаанд, ҳанӯз баррасӣ мешаванд.


Ба гуфтаи вазорати маорифи Тоҷикистон, соли гузашта 7367 нафар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии омӯзгориро хатм кардаанд ва 80 дар сад, ё 5775 нафари онҳо бо роҳхати вазорати маориф дар мактаб ва муассисаҳои таълимии дигар ба кор шурӯъ кардаанд. Аммо андаке бештар аз 20 дар сад ва ё тақрибан 1460 нафар аз ҷавонони тоҷик ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд ва ба гуфтаи вазорати маориф 801 нафари онҳо бесабаб роҳхати вазорати маорифро нодида гирифта ва аз кор муассисаҳои таълимӣ сарпечӣ кардаанд. Аз ин рӯ муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон бо шикояти расмӣ ба додгоҳҳо хостаанд, ки аз 503 нафари онҳо пули таҳсилро ситонда ва ба буҷаи давлат баргардонад. Бештар аз 600 нафари дигар ё дар навбати кор будаанд, ё аз донишгоҳ хориҷ шудаанд ва ё таҳсилро идома медиҳанд ва ё ба сафи артиш даъват шудаанд, ки муқаррароти мазкур ба онҳо дахл намекунад.


Ҳукумати Тоҷикистон соли 2009, қарореро содир кард, ки бар асоси он аз мутахассисоне ҷавоне, ки аз ҳисоби давлат таҳсил кардаанд, вале бе сабаб ба ҷойи кори таъйиншуда намераванд, пули таҳсилро мегиранд. Вазорати маориф мегӯяд, ки рафти иҷрои қарори мазкурро ҷиддан назорат мекунад ва маблағҳое, ки бояд мутахассисони ҷавон баргардонанд, аз 2 500 то 10 500 сомониро ташкил медиҳад. Бар асоси муқаррарот дар Тоҷикистон ҳар нафаре, ки ройгон аз ҳисоби давлат дар донишгоҳу донишкада ва ё омӯзишгоҳ таҳсил мекунад, бояд бар тибқи қарор ва ё роҳхат ба муассисае ба кор биравад.


Дар Тоҷикистон то моҳи сентябри соли гузашта музди кори миёнаи омӯзгорон 310 сомониро ташкил медод, ки сад доллари амрикоиро ҳам ташкил намедиҳад. Аз моҳи сентябри соли гузашта музди кори муаллимонро то 50 дар сад боло бурданд ва айни замон як омӯзгори дараҷаи олӣ, тақрибан 500 сомонӣ музди кор дорад, ки баробари 100 доллари амрикоист. Аммо ин музди кор дар Тоҷикистон низ ночиз аст ва барои таъмини як нафари танҳо низ кифоят намекунад, чӣ расад ба як хонавода, ки дар Тоҷикистон камаш се ё чаҳор узв дорад. Музди ночиз омӯзгорони зиёдеро маҷбур кард, ки барои дарёфти музди кори беҳтар ва таъмини хонаводаҳояшон ба Русия бираванд ва ё корҳои дигар, ба мисли тиҷоратро пеша кунанд.
XS
SM
MD
LG