Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми даъвати АФК-2014: 21 март - Қирғизистон - Тоҷикистон


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати AFC-2014 имрӯз, 19-уми март, дар Бишкек бар мунтахаби Макао бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард.

Ҳарсе гол дар нимаи дувуми бозӣ зада шуд. Ду голро Ҷамшед Исмоилов (дар дақиқаҳои 56-ум ва 90+2) ва як голро Ҷаҳонгир Эргашев (дар дақиқаи 82-юм) ба ҳадаф расонданд.

Никола Кавазович, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, “дар назди даста танҳо як вазифа - ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифтан гузошта шудааст.”

Дар бозии дигари ин гурӯҳ мунтахаби Қирғизистон бар тими Покистон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Ба ин тартиб мунтахаби Тоҷикистон бо 6 имтиёз аз 2 бозӣ дар ҷадвали гурӯҳи "В" дар ҷои аввал мебошад.

Мунтахаби Қирғизистон низ 6 имтиёз ба даст овардааст, вале таносуби тӯбҳои мунтахаби Тоҷикистон (таносуби тӯбҳояш 4-0) беҳтар аст, бинобар ин, дастаи Қирғизистон (таносуби тӯбҳояш 2-0) дар ҷои дувум қарор дорад. Дастаҳои Макао ва Покистон имтиёз надоранд.

Мунтахаби Тоҷикистон бозии сеюм ва охиринашро рӯзи 21-уми март бо дастаи мизбон - Қирғизистон анҷом медиҳад. Ин бозии ҳалкунанда дар варзишгоҳи Долен Омурзоқови Бишкек соати 15 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.
Барои ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтан мунтахаби Тоҷикистонро ҳадди ақал натиҷаи мусовӣ қаноатманд мекунад. Вале дастаи Қирғизистон танҳо дар мавриди пирӯзӣ ба давраи ниҳоӣ роҳхат мегирад.

Пеш аз ин бозӣ дастаҳои мунтахаби Покистон ва Макао рақобат хоҳанд кард. Вале натиҷаи ин бозӣ барои футболбозони Покистону Макао дигар аҳамият надорад, зеро ки ҳарду даста аз идомаи мубориза барои Ҷоми даъвати АФК маҳрум шуданд.

Бар асоси низомномаи мусобиқа панҷ дастаи ғолиби гурӯҳҳо, инчунин, ду дастаи беҳтарини ҷойҳои дувумро ишғолкарда ба мунтахаби Ҷазоири Молдив, ки ҳамчун мизбони Ҷоми даъвати АФК-2014 бидуни рақобат ба ҳаққи ширкат дар сабқати ниҳоӣ мушарраф шудааст, ҳамроҳ мешаванд.

Барандаи Ҷоми даъвати АФК-2014 ба Ҷоми Осиё-2015 дар Австралия роҳхат мегирад. Бояд гуфт, ки дар айни ҳол дастаҳои мунтахаби Мянмар аз гурӯҳи «А», Афғонистон аз гурӯҳи «С» ва Фаластин аз гурӯҳи «D” ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати АФК-2014 роҳхат гирифтаанд.

Бозиҳои гурӯҳи “Е” бо ширкати дастаҳои мунтахаби Филиппин, Туркманистон, Камбоҷа ва Бруней аз 22-юм то 26-уми март дар пойтахти Филиппин – Манила баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG